Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Мисли калхоте, ки аз пайи чӯҷаи мурғ афтода бошад, аз роҳ баргаштани ҳаромиҳоро бинед... – гуфт Дадабой.
– Боз ба димоғаш бӯи палави ту нарасида бошад? – Сафар ҳазломез гап партофт.
– Ин хел нияти бад накун, хонемон месӯзад-а... – ҷавоб дод Дадабой.
– Ана, яктааш ба ҳамин сӯ меояд... –ногоҳ бо ҳаяҷон садо баровард Ермак ва якбора аз оринҷи Сафар маҳкам дошт. Дар ҳамин асно таркише, ки аз қарибӣ болои ҳам шунида мешуд, ҳаворо ларзонд. Аз паси вай як «Юнкерс»-и дигар ба болои сари Сафар ва шарикони вай омада, яктарафа нишеб рафта, ғурриши гӯшкаркунандае бароварду аз шикамаш сиёҳ-сиёҳ ду бомба партофт. Ҳама ба блиндаж давиданд. Фақат Дадабой дар берун монд. Сафар ӯро фарёд кард, ҷавобе нашунид. Таркиши бомба чунон наздик буд, ки мавҷи ҳаво тирезаи хурдакаки ба шарқ нигоҳкардаи блиндажро аз ҷояш кӯчонда, дари кушодаро бо зарби сахт ду-се бор ҷунбонд. Блиндаж аз хоку чанг пур шуд.
Дар ҳамин хел як фурсати серхатар кадом як аскар аз ҷои нишастааш ширинкорона гап партофт:
– Ана, ба шумо зиндагии осоишта, бо мусиқиаш...
Ин сухани вай ҷанговаронро маҷбур кард, ки ханданд. Ермак ҳам ба гапи вай ҳамроҳ шуда гуфт:
– Боз мусиқии нақорадор...
Баъд аз якчанд вақти хомӯш шудани «мусиқии нақорадор» Сафар берун баромад. Дар сой дуди ғафс паҳн мешуд ва чашм ҳеҷ чизро дида наметавонист.
Сафар ба сари оташдон рафта хам шуд. Аз оташдони бедег ба рӯи вай тафси оташ расид. Сафар ба гирду пешаш нигоҳ карда, на дегро ёфту на Дадабойро. Вай акнун номи Дадабойро гирифта, фарёд карданӣ буд, ки дар тарафи теппаи чапи сой боз як «Юнкерс» уллос кашида, аз шикамаш як чизи паҳни мудавварро ҷудо кард.
– Ӯҳ, аз афташ чархаш канда шуд, – гуфт яке аз ҷанговарон, ки дар даромади блиндаж ҳозир ба ҳар ҳодиса меистод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо