Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Бӯи хуши зирбаки биқир – биқир ҷӯшанда, ки ба машом мерасид, ба ин намояндагони ду миллати палавхӯри Осиёи Миёна бегоҳиҳо дар хона ва рӯзҳои истироҳат бо ёру ҷӯраҳо ҳарифона палавзании замони осоиштаро ба хотир меовард.
Дар ҳақиқат ҳам кас гӯши худро ба карӣ зада, садоҳои гоҳ баланд, гоҳ паст аз дур ояндаи тӯпу туфангҳоро нашунавад, ба шароити ҳарбии гирду атроф эътибор надиҳад,ҳамин соатҳо ҳам аз замонҳои осоишта қариб фарқе надошт. Гӯё ки ёру ҷӯраҳо аз рӯи одат рӯзҳои ид ба саёҳати саҳро баромада, оши ҳарифона ташкил карда бошанд...
Рӯҳияи ҷанговарон ҳам идона буд. Сарулибоси нави зимистонӣ дар тан, ришу мӯйсарҳо тарошидагӣ, илова бар ин, аз шароби идона як қадар ширакайф будани онҳо тасдиқ мекарданд, ки одами ин мамлакат дар ҳар шароит метавонад санаи таваллудёбии Ватани шӯроӣ
– макони бахти инсони меҳнаткашро бо сарбаландӣ ҷашн гирад.
Сафар бо ҳамин хаёлҳо ба алави оташдон, ки ба чор тараф шарора мепошид, чашм дӯхта менишаст. Ҳар ду рухсори ӯ ҳам мисли лахчаи ҳамин оташдон лолагун шуда буданд. Боди аёси аз ғарб вазандаи гашти рӯз ба вай таъсир намекард. Аз аёс гармии алави оташдон зӯртар буд.
Лекин боди шуми аз ғарб вазанда ба гӯши Сафар овози нофорами ҳавопаймоҳои «Юнкерс» – ро, ки кайҳо боз ба ӯ шинос буд, оварда расонд. «Юнкерс»-ҳо дар уфуқ аввал қатраи сиёҳии ба рӯи коғаз афтода барин намоён шуда, баъд торафт шакли хунуки худро аёнтар месохтанд.
– Ба ҳамин тараф меоянд.. – гӯён Сафар ба тарафи ҳавопаймоҳои немис чашм дӯхт.
– Як... ду... се... чор... панҷ... – мешумурд Ермаки ростистода.
– Эҳтимол дар ақибгоҳ ягон ҷойро нишон гирифта бошанд... – гуфт Дадабой бо телпакаш чашмашро аз офтоб панаҳ карда.
«Юнкерс»-ҳо аз болои сари онҳо гузашта рафта, баъд аз як-ду дақиқа боз баргаштанду баъд бо ғурриши сахт ба ҳар сӯ паҳн шуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо