Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

сар дода пурсид:
– Шер ё гурба?
Сафар ҷавоб надода, хомӯш омадан гирифт.
Аз хомӯш омадани Сафар тарбузи Дадабою Йӯлчӣ аз бағалашон афтид...
– Оббо, кор чатоқ шудааст-дия, – афсӯс хӯрда гуфт Йӯлчӣ.
– Ё элликбошӣ ба гап дурусттар ҷома пӯшонда натавонистагӣ, ё калонҳо розӣ нашудаанд, – гуфт Дадабой.
– Дар командирӣ-ку Сафар устухон надорад, – гуфт Йӯлчӣ, – дар ин хел корҳое, ки аз калонҳо ягон чиз илтимос кардан лозим аст, лабу лаҳҷааш камтар...
– Бисёр хондагӣ-дия... – гуфт бо кадом як хулоса Дадабой. Сафар ба болои гапи онҳо расида омада, бо нигоҳи ҷозибаноки ба худ хос «шер» гуфт. Дадабой ва Йӯлчӣ ба ҳамдигар нигоҳ карда монда, аз гапҳои ҳозир дар ҳаққи Сафар гуфтаи худ хиҷолатомез як дам хомӯш шуданд.
– Ҳа, чӣ шуд, магар аз нияти худ даст кашидед, ки хомӯш мондед?
– Не-е, – гуфтанд онҳо.
– Набошад, чаро мисли кару гунг ба якдигар нигоҳ карда мондед?
Дарҳол Дадабой сирро бой надода, баҳона ёфт.
– Дар фикри пайдо кардани дег, ҳезум ва оташдон ҳастем.
– Ҳеҷ фикр кардан лозим нест, – гуфт Сафар, – ҳозир Ермак рафта ҳамаашро гирифта меорад. Фақат оташдон кофтан ва ош пухтан тани шумоён. Ҳа, воқеан, бехӣ нест, мегӯянд.
Дадабой ба Сафар шодона чашм дӯхта қариб ӯро ба оғӯш кашиданӣ шуда гуфт:
– Э, қоил ман, элликбошӣ... Заб кор кардед-дия...
Ана мо бо Йӯлчӣ дар як дам оташдон ҳам тайёр мекунем.Як бехӣ набошад, илоҷаш осон.
– Ба ҷои бехӣ лаблабу ё картошка бошад ҳам, мешавад, – гуфт Йӯлчӣ.
Ҳамин тавр, дар ин сойи аз хатти пеши ҷанг на он қадар дур, дар деги чӯянини мурӯдшакли русӣ зирбаки оши палав ҳам ҷӯшид...

пешина
аз 333
навбатӣ