Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин ҷумла ба ҳама рӯҳи тоза, шодмонии бепоён мебахшид.
– Канӣ акнун ба болои ҳамин қадар хурсандӣ як табақ палави равғанини дастӣ бошад... – гӯён Дадабой ба Сафар муроҷиат кард.
– Серқаланфуру серсабзии фарғонагӣ – я! – саволомез нигоҳ кард, Йӯлчӣ ва аз гуфтаи худаш даҳонаш об кушод...
– Аз командири рота як илтимос кунем-чӣ, элликбошӣ, – гуфт ба Сафар Дадабой, ки аз командири взвод шудани Сафар ӯро ба ҷои «даҳбошӣ» «элликбошӣ» меномид, – аз ҳисоби ҳиссаи худамон мумкин аст, ки камтар биринҷ ва гӯшту равған диҳад. Дар айёми ид худам як палавҷонтӯрае мекардам, ки мурда хӯрад, зинда мешавад.
Сафар ҳам ботинан айни муддао будани ин таклифро тасдиқкунон гуфт:
– Аввал донистан даркор, ки худи биринҷ ҳаст ё не:
– гӯён Сафар Ермакро ҷеғ зада пурсид. – Ермак, дар умрат ягон бор палави моро хӯрда будӣ?
– Аз ҷанговарон мешунидам, лекин ҳеҷ надидаам ва нахӯрдаам, – ҷавоб дод Ермак.
– Оё ту медонӣ, дар ошхонаамон биринҷ бошад?
– Биринҷ ҳар қадар ку хоҳед, рафиқ сержанти калон, аммо сиёҳбиринҷ камчинтар, дирӯз ошпаз дар ин бора аз икмолгар нолида буд.
– Ана, биринҷ ки бошад, корҳо ванг, – хурсанд шуда гуфт Йӯлчӣ.
– Канӣ, элликбошӣ-ако, – илтимос кард Дадабой, – дар айёми ид як каромот нишон намедиҳӣ?
Сафар барои ба фармондеҳи рота изҳор кардани ин хоҳиш баромада рафт. Йӯлчию Дадабой, чуноне ки «пеш аз ид нақора» мегӯянд, дарҳол нақшаи дегу оташдон тайёр карданро кашида, Ермакро ба кор дароварданд. Ермак дегу табақёбиро ваъда дод, Йӯлчӣ дар беруни блиндаж ҷои оташдонро ҳам тайёр кард.
Онҳо бетоқатона берун баромада, дарун даромада, омадани Сафарро мепоиданд. Дар охир Сафар аз дур намоён шуда буд, ки Дадабой наздиктар омадани Сафарро мунтазир нашуда, саросемавор овозашро баланд

пешина
аз 333
навбатӣ