Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд аз тамом шудани маҷлиси тантанавӣ, ҷанговарон хеле вақт аз ҷояшон наҷунбида, ба мубодилаи афкор, саволу ҷавоб гузашта, баъзеҳо дар бораи кай ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштани Артиши Сурх, баъзеҳо дар бораи ҷабҳаи дуюми муттаҳидон, баъзеҳо дар бораи захираи ҳарбии шӯроӣ ва олмонӣ худ ба худ хулосаҳо мебароварданд.
Ҷонишини фармондеҳи баталйон капитан Володин ба ҷанговарон муроҷиат карда пурсид:
– Ҳамааш равшан фаҳмида шуд?
– Равшан, рафиқ капитан, – овозҳо баланд шуданд.
– Савол доред?
– Ҳаст, рафиқ капитан, – гуфт як аскаре, ки дар поёнтар дузону менишаст ва бо иҷозати капитан пурсид:
– Агар ҷабҳаи дуюм сар шавад, аз куҷо кушода мешавад?
Капитан ба ҷавоб сар накарда, робитачии Сафар Ермак аз ҷои нишастааш ғурунгос зад:
– Гап аввал дар зудтар кушодан аст... Ҷои кушодан бошад, ҳазорта.
Володин ин гапи Ермакро ҳам тасдиқ карду сонӣ аз кадом нуқтаи Европа мумкин будани кушодани ҷабҳаи дуюмро гуфт. Дар ин асно боз кадом як ҷанговар аз кунҷи ториктари блиндаж овоз баровард:
– Ин не, вай не, аз ҷабҳаи дуюми ҷаноби Черчилл ғалабаи ҷабҳаи худамон наздиктар аст.
– Мумкин аст, ки ҷабҳаи дуюмро ба ҷаноби Черчилл худи мо рафта кушода диҳем, – гуфт боз як аскари овозғафс.
– Ҳозир Гитлер ҳам аз ин кашолдиҳии ҷанобони англису америкоӣ беҳад миннатдор гашта, ба саломатиашон бояд қадаҳ ҳам бардошта бошад? – гӯён старшина Игнатьев ба капитан Володин нигаҳи маънидор кард. Фармондеҳи баталйон ва Володин аз хушгӯиҳои аскарон завқ карда, ба якдигар чизе гуфтанд. Хандаи аскарон баланд шуд.


«Дар кӯчаи мо ҳам ид мешавад!»
Рӯзи дигар ин ҷумла (аз фармони Комиссари Халқии Мудофиа) вирди забонҳо буд.

пешина
аз 333
навбатӣ