Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳанӯз соат шаш нашуда, блиндажи взводи Сафар бо ҷанговарон, фармондеҳон пур шуд. На танҳо аз ин баталйон, ҳатто аз ҷузвитоми ҳамсоя ҳам одамон омада, то роҳравҳои блиндаж нишаста ва рост истода мунтазири гап задани карнайи радио буданд.
Дар ҳамин асно фармондеҳи баталйон ва ҷонишини вай оид ба қисми сиёсӣ даромада омаданд. Ҳозирон онҳоро рост истода пешвоз гирифтанӣ буданд, ки фармондеҳи баталон ба нишастан иҷозат дод.
Аз мобайн дере нагузашта карнайи радио хишир – хишир овоз баровард ва сигнали ба ҳама шиноси радиостансияи Маскав диққатро ба худ ҷалб кард. Ҳозирон аз нав ба ҳаракат даромада, ба карнайи радио наздиктар рафта, ба якдигар ҷафстар менишастанд.
Ниҳоят, овози буррои ровии шинос хонаро пур кард. Вай баъд аз якчанд дақиқа сар шудани шунавонидани маҷлиси тантанавии Шӯрои шаҳри Маскавро хабар дод. Ҳама нафас ба дарун кашида, чашм ба сӯи карнай дӯхта, ҳушу ёд дар Маскав менишастанд.
Блиндажи пур аз одам дар ин дақиқаҳо чунон хомӯш буд, ки гӯё, ки дар он ягон кас набошад. Баъд хомӯширо гулдурроси қарсакзаниҳо вайрон кард. Баробари қарсакзанӣ ва садоҳои табрик, ки аз карнайи раио баланд шуд, дар блиндаж ҳам фавқулода ҷунбиши бетоқатона ба амал омада, бо ташаббуси кадом як аскар дар ин ҷо ҳам қарсакзанӣ баланд шуд.
Ҳангоме ки раисикунанда ба Сталин сухан дод, дар блиндаж боз хомӯшӣ ҳукмрон шуд.
Ҷонишини фармондеҳи баталйон оид ба қисми сиёсӣ капитан Володин, ки марди синнаш тахминан аз сӣ гузашта буд ва мӯйсари зичи мошу биринҷи ҷингила дошт ва аз қаду басташ, қиёфааш ҷавони хушҳол менамуд, аз аввали маърӯза то охир аз дафтарчаи ёддошти ба болои зону ниҳодааш сар набардошта, бетанаффус менавишт. Дар мобайни қарсакзаниҳо бошад, баъзе суханҳои дуруст нашунида мондаашро аз касони дар паҳлӯяш нишаста пурсида мегирифт.

пешина
аз 333
навбатӣ