Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боди сабук ҳар замон чанги барфро аз як ҷо ба ҷои дигар гирифта мебарад ва дар ҳар ҷо – ҳар ҷо рӯи барфтӯдаҳо мисоли мавҷи тунуки баҳр, пасту баланд шона задаанд.
Субҳи панҷуми ноябр ҳамин гуна сар шуда буд.
Қисме, ки Сафар дар он хизмат мекард, худи ҳамон рӯз ба сойи Носково омада, ҷойгир шуд. Сафар бо взводи худ дар ҳайати ҳафт кас як блиндажи то даҳ кас ғунҷандаро ишғол кард. Чанговарони вай дарҳол ташаббусу ҳунармандӣ нишон дода, яке дар, дигаре тахтакат, сеюмӣ аз куҷое бочкаи кӯҳна ёфта, печка сохта, манзили нави худро ба тартиб оварданд. Ҳамин тариқ, ба қавли худи аскарҳо «зиндагии осоиштаи ақибгоҳӣ»
сар мешуд.
Акнун ҷанговарон, фармондеҳон ва коркунони сиёсии полк дар ин «ҳаёти осоишта» шабу рӯз бо тайёрии ҷангӣ, омӯхтани силоҳҳои ғаниматгирифтаи немисӣ, бо машқи нишонзанию тирандозӣ машғул мешуданд, бахшида ба биступанҷсолагии иди Октябр лексияҳо, сӯҳбатҳо ва ахбороти сиёсӣ мешуниданд, маҷлисҳои ҳизбӣ ва комсомолӣ мегузашт, ташкил додани маҳфилҳои бадеии аскарҳо, рӯзномаю маҷаллахонӣ ва ҳоказо кори онҳо буд.
Сафар ҳам дар ҳамин ҷо барои ба сафҳои ҳизб даромадан саволнома пур карда, бо тавсияи лейтенант Осмухин, рорҳбари сиёсӣ Ванюшин, старшина Игнатев ва ташкилоти комсомолӣ ба ташкилоти ҳизбии баталйон ариза супурд.
Рӯзи дигар дар арафаи иди 25-солагии Октябр дар взводи Сафар кор боз зиёдтар меҷӯшид. Бо фармоиши ҷонишини фармондеҳи баталйон оид ба корҳои сиёсӣ капитан Володин ба блиндажи взводи Сафар аз радиостансияи алоқачиёни полк симу карнайи радио гузаронида шуда буд. Ҷанговарон деворҳои блиндажро бо плакатҳо ва шиорҳои навиштаи худ зебу зинати идона ҳам доданд.
Сафар ва ҷанговаронаш бо ташаббускорӣ кӯшиш мекарданд, ки истгоҳи ҷузвитоми худро ба пеши чашми меҳмонҳои бегоҳӣ меомадагӣ – ба ҷанговарони дигар ҷузвитомҳои баталйон ва фармондеҳону сардорон ҳарчи зиёдтар зебо, озода ва батартиб нишон диҳанд ва бо ҳамин ҳаваси онҳоро оваранд.

пешина
аз 333
навбатӣ