Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Фармондеҳи рота фармуд, ки шумо зуд ба назди вай ҳозир шавед.
– Ту аз кӣ фаҳмидӣ?
– Робитачии фармондеҳи рота: «махфӣ, аз рӯи ошноӣ ба ту мегӯям, ҳоло ба ҳеҷ кас нагӯй» гуфт. Ман ҳам аз рӯи ошноӣ ғайр аз шумо дигар ба ҳеҷ кас нагуфтам.
– Тамоми дивизия?
– Не, аз афташ, фақат полки мо. Ба ҷои мо полки 447-ум, ки ба қарибӣ дамгирӣ баромада буд, меомадааст.
Вай дигар мактубҳоро нахонда, ба кисааш андохт ва ба назди фармонедҳи рота – лейтенанти хурд Николаев шитобид.
Шаби панҷуми ноябр полки 448-ум, ки взводи Сафар дар ҳайати вай буд, мавқеъҳои худро ба полки 447-ум супурда, ба дамгирӣ ба ақибгоҳи дивизия рафт.
Истироҳатгоҳи полк аз мавқеи ҳозира панҷ-шаш километр дуратар, дар яке аз сойҳои беҳисоби саҳрои назди Волга буд, ки онро сойи Носково меномиданд.
Сойи Носково майдони ҳамворе буд, ки дар ду тарафаш теппаҳои каҷу килеб кашол буданд, ки дар ҳар ҷо – ҳар ҷои ин теппаҳо камари оббурда, дараҳои хурд
– хурд воқеъ буданд. Қисмҳое, ки ба истироҳат ва барои қувваи нав гирифтан аз майдони ҷанг мебаромаданд, ана дар нишебии ҳамин теппаҳо, дар камарҳои оббурда ва дар дараҳо хандақу заминканҳо ва блиндажҳо канда, дар ҳамин ҷоҳо даҳ-понздаҳ рӯз қарор меёфтанд.
Барфи як шабу як рӯз борида замини аз бомбаю гулӯлаҳо сӯрох – сӯрохшударо саросар фаро гирифта, ҳамаи иллатҳои вайро аз чашми кас панаҳ мекард.
Агар кас намуди пеш аз бориши барф доштаи ин сарзаминро ба пеши назар наоварад, ҳоло дар рӯи вай аз ҷанг қариб ягон осоре намедид. Барф гӯё докае буд, ки ҷароҳатҳои аз ҷанг дидаи ин заминро рӯпӯш менамуд.
Осмон мисли моҳут каб-кабуд. Шӯълаи офтоб дар рӯи барфрезаҳо акс ёфта ялт-ялт ҷило медиҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо