Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ана, барф борида истодааст.
Сафар аз қафои Ермак берун баромад. Ба рӯи вай барфрезаҳо зада об мешуданд. Таги пой ҳам акнун каме ях карда буд...
Ермак аз рота қариби фуромадани торикӣ баргашт.
Вай аз заминкан Сафарро наёфта, ба сангари ҷанговарон рафт. Дар роҳ Дадабойро дид.
– Ҳа, Ермак, ба куҷо?
– Сержанти калонро надидӣ?
– Дар заминкан бо ҷанговарон нишастааст.
– Ту ба куҷо? – пурсид Ермак аз Дадабой.
Навбати дар назди пулемёт истодани ман омад, ба окоп.
– Медонӣ? – Ермак ва ба вай чизе гуфтанӣ шуд, аммо боз аз фикраш гашта, илова кард, – хайр, рав, баъд мефаҳмӣ.
Дадабой чӣ гуфтани Ермакро фаҳмиданӣ шуда аз ӯ гашта – баргашта пурсид, Ермак нагуфт, ба ҷои ин ба дасти вай мактуби аз хонааш омадаро дода, ба назди Сафар давид.
Сафар Ермакро дида, ҳамроҳи ӯ ба заминкани худ баргашт. Ермак «ҷинчароғ»-и худаш сохтаро даргиронд. Пилтаи намкашида аввал хира, баъд оҳистаоҳиста равшан даргирифт.
– Хӯш, чӣ хабар? – пурсид Сафар.
– Аввало ҳамин, ки ба шумо якбора се мактуб, – гӯён Ермак аз сумкааш мактубҳоро баровард. Як мактуб аз модар, дигараш аз Зебӣ, мактуби сеюм, ки Сафар дере боз мунтазири он буд, аз лейтенант Осмухин буд. Сафар бо саросемагӣ аз ҳама аввал мактуби Осмухинро кушода, акнун ба вай чашм медавонд, ки Ермак хабари дигареро гуфт:
– Хабари охирини «идораи ахбороти махсус» ҳамин ки, эҳтимол ҳамин шаб ё пагоҳ моро аз ин ҷо кӯчонанд.
Сафар аз хат чашм канда, ба Ермак саволомез нигоҳ кард.
– Чӣ гуфтӣ? Мекӯчонанд?
– Ҳа, мекӯчонанд, – такрор кард Ермак бо қиёфаи ҷиддӣ, – ба ақибгоҳ барои дамгирӣ ва қувваи нав гирифтан.

пешина
аз 333
навбатӣ