Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар берун ҳанӯз шибир – шибир борон меборид. Аз заҳи заминкан ва сардии ҳаво ангуштони ба рӯи коғаз лағжандаи Сафар карахт шуда, қаламро дуруст дошта наметавонистанд. Дар ин ҳол вай ангуштонашро ба пеши даҳонаш бурда, бо дами худ гарм мекарду боз мактубнависиро давом медод...
Вай баъд аз навишта тамом кардани се мактуб ҳар кадоми онҳоро секунҷа қад карда, як рӯяшро бо оби даҳонаш камтар тар карда, бо қалами кабуд суроға навишт.
Сафар мактубҳоро ба дасти Ермак, ки дар як гӯшаи заминкан ӯ низ машғули мактубнависӣ буд. дод.
– Вақте ки мактуби худатро навишта шудӣ, ҳамроҳ ба хаткашони рота бурда месупорӣ.
– Хуб, рафиқ сержанти калон, ман ҳам ҳозир тамом мекунам, – ҷавоб дод Ермак ва ба суроғаи мактубҳои аз дасти Сафар гирифтааш чашм давонд. Диққати ӯро мактуби ба номи Зебӣ навишташуда ба худ ҷалб кард.
– Инаш, аз афти кор, ба як каси хеле мӯҳтарам? – пурсид Ермак чашмашро аз мактуб наканда.
– Аз куҷо медонӣ?
– Суроғаву номаш хеле рассомона навишта шудааст.
– Ҳа, – гуфт табассумкунон Сафар, – соҳибаш касест, ки диққати рассомонро ҳам ба худ мекашад...
– Маълум, рассом номашро ҳамин қадар хушрӯ навишта бошад, худаш чӣ хел зебо бошад, – гӯён Ермак шӯхӣ кард.
– Номаш ҳам лоиқи худаш: Зебо. – Сафар симои Зебиро ба пеши назараш оварда, ҷавоб гардонд.
Баъд аз мактуби худро навишта шудан, Ермак нияти рафтан кард. Сафар ба вай ғайр аз супоришҳои расмӣ, дар охири суханаш кинояомез гуфт:
– Дар «бюрои ахборотҳои махсус» ин сафар ҳам ягон гапи об норасид ёфт мешудагист?
– Бе ин намешавад, рафиқ сержанти калон, – ҷавоб дод Ермак ва ба рафтан иҷозат гирифт.
Ермак аз заминкан берун баромад ва ҳамоно овози ӯ шунида шуд:

пешина
аз 333
навбатӣ