Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Матлаб ва супориши мо – падарон ва модарон, хоҳарон ва бародарон, арӯсон ва занон ҳамин аст, ки ҳар як ваҷаби ин сарзаминро мисли замину диёри хуни нофатон рехтаи худ, мисли остонаи хонае, ки дар он ҷо ҳар кадоматон ба воя расидаед, аз дилу ҷон мудофиа кунед! Як қадам ақиб намонда, чунон ҷангед, ки душман аз зарбаатон торумор гардад!
Дар баробари ҳамаи мамлакат бошандагони хурду калони Ҷӯйбор ҳам дар қафои шумо такягоҳи боэътимод мебошанд. То ғалабаи комили шумоён мо ҳам бо меҳнати пурсамари худ ба шумо мадад мерасонем...»
Сафар, худ аз ин бехабар, мактубро бо овози баланд мехонд.
Як вақт чашм аз мактуб канда дид, ки ҷанговарони взвод дар атрофи ӯ ҷамъ омада, ҳар як сатри мактубро бо диққати том гӯш мекунанд...
БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ
Моҳи ноябр бо боронгарӣ сар шуд... Дар осмон танга барин ҳам кабудӣ дида намешуд. Шабу рӯз борони майда борида, қабат ба қабати замин гузашта мерафт. Замине, ки тобистони дароз ва ду моҳи серофтоби тирамоҳ қоқу заранг гашта буд, ҳар як қатраи боронро мисли коғази обчинак ба худ мекашид.
Ин боронгарӣ чор шабу чор рӯз давом кард. Ҷанговароне, ки дар аввали кор аз абру борон миннатдор буданд, дар рӯзи чорум ва панҷум аз он хеле дилгир ҳам шуданд. Ба сангару заминканҳо ва роҳравҳо пой мондан намешуд. Дар баъзе ҷойҳо то буҷулаки пой кас ба обу лой меғӯтид; аз шинел сар карда, то куртаи таги ҷанговарон шип – шилта тар шуда буд. Лойи ин ҷо ҳам, водии Ҳисор барин, хеле часпак буд ва қариб тагчарми мӯзаро канда мегирифт...
Ин обу ҳаво немисҳоро ҳам аз заминкану сангарҳояшон берун намебаровард. Гоҳ аз ин ҷо, гоҳ аз он ҷо пулемётпарронии онҳо аён мешуд ва дигар ҳамаи аскарҳояшон монанди калламуш, ба хандақҳои худ сар халонда буданд.
Сафар ба даст коғазу қалам гирифт, аз фурсати хомӯшии майдони ҷанг фоида бурда, ба диёраш мактуб менавишт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо