Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– сабаби доимо хабарҳои нав ба нав ёфта омадани Ермакро донистанӣ шуда, пурсид Сафар.
– Эҳ, рафиқ сержанти калон, аскаре, ки чашми гузарою гӯши шунаво надорад, магар аскар аст? – гуфт Ермак ва зуд қисмҳои тозакардаи автоматро баргашта ҷо ба ҷо гузошта, боз давом дод: – ба ҷабҳаи мо таъйин шудани Рокоссовский, албатта, бесабаб нест, рафиқ сержанти калон.
Вай пас аз ҷо ба ҷо гузоштани қисмҳо, кулангро зер карда чӣ тавр кор кардани автоматро санҷид.
– Фритсҳоро, аз чӣ сабаб бошад, ки дамашон набаромада монд. Боз ягон балои навро сар накунанд, рафиқ сержанти калон?
– Ту чаро гаштаю баргашта маро «сержанти калон»
ном мегирӣ? Ту маст ё ҳушёр? – пурсид Сафар, – Ё ин ки барои ту сержанту сержанти калон фарқе надорад?
– Ин хел нагӯед – каме ранҷиданамо гуфт Ермак, – ба даҳонам ягон қатра ҳам нагирифтаам. Наход ман ба фарқи сержанту сержанти калон наравам? Модоме ки дар ин хусус фармон баромадааст, аскар бояд дарҳол итоат кунад.
– Кадом фармон? – ҳайрон монда пурсид Сафар.
– Фармон дар бораи ба шумо додани унвони нав...
– Инро аввалин бор аз ту мешунавам.
– Ин тавр, ки бошад, иҷозат диҳед, рафиқ сержанти калон, аз ҳама аввал ҳам шуморо худам муборакбод намоям.
Ҳар ду ҳамдигарро оғӯш гирифтанд.
Баъд Ермаков дасташро ба кисааш бурду гуфт:
– Ба ҳамин муносибат ба шумо як тӯҳфа ҳам ҳаст.
Вай ба Сафар мактуберо дароз кард. Сафар мактубро саросема кушод. Мактубро Зебӣ навишта, вале дар поёни он се саҳифа пур бошандагони деҳаи Ҷӯйбор имзо гузошта буданд. Имзои якум имзои Мамараҷаб буд.
– «Ҷанговарони азиз, – навишта шуда буд дар он мактуб, – фарзандони вафодори мо! Шумоён шарафёби он шудаед, ки сарзамини муқаддаси Волга, шаҳри қаҳрамон Сталинградро аз тохтутози ӯрдуи гитлерӣ мудофиа намоед.

пешина
аз 333
навбатӣ