Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Рафиқ лейтенанти хурд Николаев чӣ? – пурсид Сафар ба фармондеҳи баталйон нигоҳ карда.
– Ин кас ба рота, ба ҷои фармондеҳи ҳалокшуда мераванд.
– Хуб, рафиқ фармондеҳи баталйон, кӯшиш мекунам аз ӯҳдааш бароям.


Сафарро таркиши сахти мина, ки дар ҳамин гирду пеш – наздикии заминкани ӯ афтода буд, аз хоб бедор кард. Вай болопӯши рангпаридаи лою хоколуди худро, ки ба вай печида мехобид, ба китфаш гирифта аз ҷо бархост ва аз заминкан баромад.
Имрӯзҳо низ ҷангҳои сахти хунин ҳамоно давом мекарданд. Аз бисёрии талафот, аз полк – баталйон, аз баталйон – рота, аз рота – взвод ва аз взвод танҳо отделения боқӣ монда буд. Дар взводи Сафар, ки ӯ муваққатан фармондеҳи он таъин шуда буд, ҳамагӣ дувоздаҳ ҷанговар монда буд...
Рӯшноӣ медамид.
Тамоми саҳроро қирав зер карда, ба назар мисли шишапора майда – майда медурахшид. Аз роҳи заминкан ба рӯю синаи Сафар насими хунук расид. Вай зуд ба заминкан баргашта, сарулибосашро дурустакак пӯшида боз берун омад. Вай дар сари роҳрав робитачии худ Ермаковро, ки ҳама ӯро бештар Ермак ном мегирифтанд, дид. Вай ҷавони миёнақади серкитфу бозуи шӯхтабиате буда, вазифаи худро аз сидқи дил адо мекард.
Ермак, ки ҳозир машғули тоза кардани автомати худ буд, аз омадани Сафар бехабар монд.
– Ту чаро ин қадар автомати худро тоза мекунӣ, гӯё ин, ки ҷанг тамом шуда бошад... – зери лаб хандида гуфт банохост Сафар.
– Аз фурсат фоида бурдан лозим, рафиқ сержанти калон, «зӯри аскар дар силоҳ аскар» мегӯянд. Ҳа, воқеан, хабари навро шунидед, рафиқ сержанти калон?
Фармондеҳи сипоҳҳои ҷабҳаи мо Рокоссовский таъйин шудааст.
– Аҷабо, ту ин хел хабарҳои тозаро аз куҷо аз ҳама пештар мешунавӣ-а?

пешина
аз 333
навбатӣ