Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Ба ғурриши танкҳо як вақт «ура»-и пурзӯри ҷанговарони шӯроӣ ҳамроҳ гардида, дар тамоми саҳрои васеъ баланд мавҷ мезад. Дар як дам аз оғӯши саҳро садҳо ҷанговарон сар бардошта, аслиҳа дар даст аз паси танк ба пеш медавиданд...
Сафар боз як навбат тир кушода буд, ки пулемёт дигар хомӯш шуд. Тираш тамом шуда буд. Сафар чӣ кор карданашро надониста, ба ин сӯ, он сӯ чашм давонд ва хост давида рафта ҳамон автоматро, ки дар паҳлӯи немиси кушташуда мехобид, гирад. Ҳамин вақт аз куҷо дар рӯ ба рӯи вай Дадабой чангу хоколуд рӯяш сип – сиёҳи арақшор пайдо шуд.
Вай ба Сафар тирдони пур аз тирро дароз карду дод зад:
– Мана, даҳбошӣ, зуд бошед, метавонед боз патефонатонро ба кор дароред... хамин дам немисро ҳам айни авҷи «рақс» – аш сар шуд...
Ҳар ду аз паси фашистон, ки ақиб менишастанд, ба пеш давиданд.
Бевақтии шаб ба заминкани Сафар фармондеҳи баталйон ва лейтенанти хурд Николаев даромада омаданд.
– Хӯш, рафиқ сержант, аз пулемёти беқундоқ чанд немисро куштед? – пурсид хандида фармондеҳи баталйон.
– Намедонам, рафиқ фармондеҳи баталйон, нашумурдаам, – ҷавоб дод Сафар ва илова кард: – Ба ҳар ҳол, ин дафъа ҳам фритсҳоро дурустакак «меҳмондорӣ» кардем.
Фармондеҳи баталйон дасти Сафарро фишурда таҳсин хонд:
– Офарин, рафиқ сержант.
– Ба Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат мекунам!
– Шумо муваққат фармондеҳи взвод мешавед, – гуфт фармондеҳи баталйон, – бовар дорем, ки аз ӯҳдааш мебароед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо