Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай давида ба сангари Дадабой гузашт ва дид, ки нисфи сангар бо хок пур шуда, аз даруни хок мили пулемёти дастӣ намоён аст. Сафар пулемётро берун кашид. Қундоқи пулемёт пачақ шуда буд. Сафар ба чор сӯ нигоҳ кард, аз Дадабой нишоне набуд. Дарҳол ба фикри Сафар гумоне омад, ки мумкин аст, Дадабой дар зери ҳамон хок гӯр шуда бошад?
Сафар хост хоки сангарро дудаста ба як сӯ кашад, аммо немисҳо тир андохта гоҳ давидаю гоҳ хазида ба сӯи сангарҳои мо наздик меомаданд. Фурсат беҳад танг буд. Сафар зуд аз сангар баромада, худро ба зери танки дарпешистода гирифт ва хоку чанги тирдони пулемётро чобукона пок карда, ба пеш чашм дӯхт. Дар пеш кулаҳхуди немисро дид. Вай мисли сангпушт ба замин часпида буд. Баъд Сафар дид, ки немис мехоҳад ба тарафи ӯ норинҷак ҳаво диҳад. Дарҳол дар паси чархи танк панаҳ шуд. Ҳамон замон дар пеши танк таркише ҳаворо ларзонда, чор атрофро дуду чанги ғализ фаро гирифт. Сафар фурсатро аз даст надода, зуд ба ҷои аввалааш гузашт. Немисе, ки норинҷак ҳаво дода буд, бо ишораи даст ба шарикони дигараш фармуд, ки ба пеш ҳаракат кунанд.
Дили Сафар беқаророна метапид, вале ӯ бо пурсабрӣ аз пулемёт тир накушода, бештар наздик омадани фашистонро мунтазир мешуд. Ба вай чунин менамуд, ки немисҳо гӯё аз ҷояшон намеҷунбанд. Ангушти шаҳодати вай, ки дар куланги пулемёт буд, аз беҳаракатӣ шах шуда монда буд.
Ана, ҳозир фурсаташ омад! Сафар кулангро зер кард, пулемёт ба кор даромада, дар зери дасти соҳибаш беист меларзид. Тирҳо ба пеши манаҳи душман парида, чанги заминро ба ҳаво мебардоштанд.
Ҳамон немисе, ки норинҷак ҳаво дода буд, як қадам пеш монду баъд дастонашро ба ҳаво бардошта ақибнокӣ сарнагун рафт, дигар гитлерчиён роҳи гурезро пеш гирифтанд...
Пулемётчии душман ба тарафи Сафар оташ кушод, вале танк Сафарро аз тир панаҳ менамуд.
Сафар ба паҳлӯ нигоҳ карда, ду танкро дид, ки дар шӯълаи офтоби бегоҳӣ ситораҳои сурхи онҳо бармало намоён буданд ва ҳар ду ғуррасзанон аз теппа фуромада омада, ба тарафи душман мерафтанд.

пешина
аз 333
навбатӣ