Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БОБИ БИСТУ ШАШУМ

Полк ин дафъа аз чаптари деҳаи Ерзовка ҷой гирифт. Дар пеш пастхамӣ, сонӣ баландии ҳамвор, баъд боз як сое менамуд, ки вай қад – қади тарафи шарқии деҳа тӯл кашида буд.
Взводи Сафар дар рӯ ба рӯи ана ҳамин сой дар теппачаи гунбазшакл ҷойгир шуд. Худи ҳамон шаб як гурӯҳ ҷанговарон сангарҳои кӯҳнаи барфзеркардаро тоза карда, баъзеҳо аз худи барф сангар сохта, то субҳ ҳамаи корҳои тайёрии хатти мудофиавиро ба анҷом расонданд.
Баъд аз боду бӯрони дишаба, субҳи ҳаждаҳуми ноябр аз одат берун хомӯш шуд. На аз тарафи мавқеи немисҳо садои ягон тир мебаромад ва на аз тарафи мавқеи мо.
Аз мавқеи взводи Сафар дида мешуд, ки чӣ тавр аскарҳои немис ҳар замон бо белчаҳояшон ба хоктӯдаи сангар ва заминканҳо барф мепартоянд.
Дар худи Ерзовка «пашша ҳам пар намезад». Немисҳое, ки дар он ҷо қарор гирифта буданд, дар заминканҳои то даруни деҳа дарозкашида ҷойгир буданд. Аз аҳолии деҳа касе ба чашм вонамехӯрд.
Дар ин ҷо мудофиаи немисҳо хеле мустаҳкам буд.
Онҳо даромадҳои Ерзовкаро бо ду қатор симхор, майдонҳои минакоришуда ва се қатор заминкануроҳҳои алоқа иҳота карда буданд. Аз ин деҳа ба тарафи шарқи ҷанубӣ роҳи васее воқеъ буд, ки аз қарибии дарёи Волга ба Сталинград мерафт ва ин роҳ қисми дар шимол будаи сипоҳии немисро бо қисмҳои ба тарафи рости Сталинград, яъне бо қисмҳое, ки то соҳили Волга рахна карда даромада буданд, вобаста менамуд. Ба деҳа ва ба роҳи Сталинград ҳукмрон будани немисҳо имкон медод, ки сипоҳи ба паҳлӯи рости Сталинград баромадаи худро аз зарбаи қисмҳои мо пешгирӣ намояд ва аз шимол ёрӣ ба мудофиакунандагони шаҳр ёрирасониро номумкин гардонад.

пешина
аз 333
навбатӣ