Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
«... Шаҳри Сталинград дар оғӯши сӯхтору хун аст...
– менавишт Осмухин, – Аммо ин шаҳри номдор аз они мост. Худамонро қурбон мекунему дигар як қадам ҳам қафо намегардем! Мо дар соҳили Волга чун кӯҳ устувор истодаем ва моро ҳеҷ як қувва аз ҷоямон ҷунбонда наметавонад!
Ҳамшаҳрии ту Нозир аз сараш сахт захмдор шуда, дар баталйони беҳдоштӣ вафот кард. Вай хеле мардона ҷангида, ҳамаро қоил кард.
Ду ҳафта пештар политрук Ванюшинро ҳам гӯрондем. Вай шабона дар аснои ҳамроҳи сапёрҳо аз мина тоза кардани даромади бинои калоне, ки фашистон ишғол карда буданд, аз ногаҳон таркидани мина ҳалок гардид. Қурбон, Степан Шестак ва Коробко ба ту салом мегӯянд...»
Давоми мактуб чунон саросема ва бадхат навишта шуда буд, ки хонданаш душвор буд. Сафар калимаҳоро базӯр ҳиҷҷакунон мехонд:
«... Боқӣ вассалом, бародари азиз. Душман, аз афти кор, боз ба ҳамлаи нав – ҳамлаи ҳаштум сар карданӣ.
Саломат бош. Ба Дадабой салом расон...»
Ҳамроҳи мактуб Осмухин ду варақи иловагӣ фиристода буд, ки дар яки вай худи ӯ ва дар дуюмаш роҳбари сиёсии марҳум Ванюшин барои ба ҳизб даромадани Сафар тавсиянома навишта буданд.
Сафар нафаси амиқе кашид ва мактубу тавсияномаро таҳ карда ба кисааш монд. Ин аввалин мактубе буд аз Осмухин, ки Сафар пас аз сиҳат шуда аз госпитал баромадани худ гирифта буд. Ин мактуб гуфтугӯи ду ҷанговарро, ки Сафар шабона, дар аснои аз Ростов ақибнишинӣ намудани лашкарҳои мо шунида буд, ба ёд овард.
– Лаънатии фашист хеле дур рафта истодааст. Аммо худи ӯ ягон рӯз аз ин ҳам дуртар хоҳад гурехт, – мегуфт яке аз ин ду ҷанговар бо овози нимхиррӣ.
– Ба куҷо дуртар? – мепурсид дигаре.
– Дуртар ба Берлин хоҳад гурехт. Ин рӯз, ҷӯра, албатта мерасад.
Сафар афту андоми он солдатро надида бошад ҳам, аз овозаш тасаввур мекард, ки чӣ гуна бо авзои ҷиддии қаҳролуд гап зада истодааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо