Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дадабойро қаҳраш омада, зери лаб ҳақорате кард. Дигар ҷанговарони отделенияи Сафар, ки хондани мактубро гӯш мекарданд, чангу хоки ба сару гарданашон рехтаро оҳиста афшонданд.
Сафар боз ба хондани мактуб шурӯъ намуд:
«... Ман ҳам афсӯс мехӯрам, ки ба ту баргаштан ба ротаи мо ва дар қатори мудофиакунандагони бевоситаи Сталинград ҳозир будан муяссар нагардид. Чӣ илоҷ... Мо ҳама фарзандони як оилаи калони шӯроӣ ҳастем ва дар кадом қисми Артиши шӯроӣ бошем, як вазифаи муқаддасро иҷро мекунем. Аз мактубат фаҳмидам, ки ту дар паҳлӯи рости қисми мо, дар масофаи начандон дур ҳастӣ ва ҳатто аз эҳтимол дур нест, ки деҳаи ман таваллудёфта Ерзовкаро бо чашми худ дида меистӣ. Ҳар боре, ки ҳозир дар деҳаи азизи худ ҳукмронӣ намудани фашистони лаънатиро ба ёд меоварам, дилам аз алам сахт ба дард меояд. Модару духтарчаам Нина, ки дар он ҷо мондаанд, намедонам, дар чӣ аҳвол бошанд?
Дӯсти азизам Сафар! Мумкин аст озод кардани деҳаи мо ва аз чанголи душман халос намудани духтарчаам ва модарам ба ту пештар муяссар гардад...
Дар мактуби гузашта дар куҷои ин деҳа воқеъ гаштани хонаамонро навишта будам. Эҳ, канӣ, кошкӣ на танҳо Ерзовка, балки тамоми шаҳру деҳаҳои мо аз чанголи фашистони истилогар зудтар озод мешуд!
Ту дар бораи кору борҳои мо мепурсӣ. Ҷавоб кӯтоҳ ҳамин...»
Сафар ҷавоби Осмухинро акнун сар карда хонда истода буд, ки немисҳо боз, бори саввум дар давоми рӯз ба муқобили мавқеъҳои аскарони мо ҳамла сар карданд. Сафар мактубро ба кисааш зада ҳамроҳи ҷанговаронаш аз блиндаж давида ба сангар баромад ва ба ҷанг даромада рафт.
Пас аз зада баргардондани ҳамлаи сеюм Сафар баргашта ба блиндаж омаду боз ба хондани давоми мактуб шурӯъ кард. Вале ҳоло аз ҷанговарони отделенияи ӯ ду кас набуд. Онҳо нав дар ҷанг аз қатор баромада буданд...

пешина
аз 333
навбатӣ