Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Вай Боборо ба назди худ ҷеғ зада, ба дасти вай коғази дасташро супурду бо ғурур гуфт: – Мана додар, ин тилгиромро гиреду аввал ба ин квитансия даст монда, баъд хонед.
Ҳангоме ки Юнусбобо телеграммаро ба даст гирифт, беихтиёр дастонаш ларзиданд. Ҳама «чӣ хел телеграмма, аз кӣ, дар чӣ хусус?» гӯён ғалоғула бардоштанд. Одил Саркор тоқат карда натавониста, ба лаби саҳна омада телеграммаро аз дасти Юнусбобо гирифт.
Худи Ҳодикӯса то телеграммаро кушодан сабр карда натавониста бо овози баланд гуфт:
– Аз Маскав.
– Аз Маскав – аз чор тарафи толор садо баромад.
Саркор телеграммаро ба ҳозирон, ки ҳама рост истода буданд,бо овози баланд хонда дод:
«Сталинобод, ноҳияи Ҳисор, колхози «Коммуна»
сардори бригада рафиқ Юнусбобо Сабуров.
Барои ғамхорӣ ва ёрии дар ҳаққи Артиши Сурх кардаи Шумо ва аъзоёни бригадаатон, ки ба сохтмони корвони танкҳо – «Колхозчии Тоҷикистон» сад ҳазор сӯм супурдаед, саломи бародаронаи ман ва ташаккури Артиши Сурхро қабул фармоед. И.Сталин».
Баробари хонда шудани телеграмма, тамоми зал аз қарсакзанию уррагӯӣ ба ларза омад. Юнусбобо аз ҳаяҷон чӣ гуфтан, чӣ карданашро намедонист, гоҳ ба раёсат, гоҳ ба толор нигоҳ карда, худ ба худ чизе мегуфт, гашта баргашта таъзим мекард...

БОБИ БИСТУ ЧОРУМ

«...Ҳар ду мактуби туро, ки якеро аз полки эҳтиётӣ, дигареро аз қисми нав – аз хати пеши ҷанг навишта будӣ, дар як рӯз гирифтем. Ҳамаи мо туро ба муносибати сиҳат шуданат ва ба артиши амалкунанда баргашта омаданат табрик мегӯем ва то ғалабаи комил бар зидди гитлерчиён қаҳрамонона ҷангидани туро орзумандем...»
Дар айни мутолиаи мактуб дар ҳамин қарибиҳо сахт таркидани гулӯлае ба гӯш расид. Аз шифти чорболораи блиндажи аскарӣ хок рехт. Сафар хондани мактубро қатъ карда, каме хомӯш монд.

пешина
аз 333
навбатӣ