Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳозир ҳам Сафар дар мактуб ҷумлаи «чун кӯҳ устувор истодаем» – ро хонда, симои ҷиддию қаҳролуди Осмухинро пеши назар меовард...
Ин аст, ки Сафар қатъӣ медонист, ки дигар ақибнишинӣ нахоҳад шуд. Тамом! Дар ин ҷо, дар сарзамини матини Волга пружинаи азими ҷанг чунон ба фишор омадаст, ки рӯзе ин пружина ба пеш ҷаҳида бо ҳамин гуна фишори зӯр душманро аз ҳама ҷо зада дур хоҳад партофт...
Сафар аз ин фикру хаёлҳо ба худ омада дар паҳлӯи худ ғайр аз Дадабой дигар ҳеҷ касро надид. Дадабой ҳам дар дасташ махорка дуд карда, ба фикр фурӯ рафта буд. Сафар ба китфи ӯ даст зад. Дадабой як як қад парида ба Сафар нигоҳ кард ва ҳар ду хомӯш аз блиндаж берун омаданд.
Дар пеши назари онҳо, дар масофаи ду-се километр Ерзовка менамуд. Аз мобайни дарахтзори тиллоранг хонаҳои хурду калони сафед намудор мешуданд. Дар паси деҳа уфуқи тирае паҳн шуда буд, ки ӯро саросар дуди сӯхтор фаро гирифта буд.
– Дар Ерзовка хонаи лейтенантро чӣ хел ёфтан мумкин аст? – пурсид Дадабой. – Мумкин аст аз ин ҷо намоён бошад?
Сафар ба Дадабой номаълум нигоҳ кард ва мамнунона аз хаёл гузаронд, ки вай ҳарчи ҳамин рӯзҳо аз аламу ғуссаи Зоя хеле фориғ шудааст. Сафар беихтиёр боз мактуби Осмухинро аз кисааш баровард. Вале банохост пулемёте садо дода, дар болои сар тирҳо ғиззасзанон париданд. Дадабойро ғазабаш омада ба сари пулемёташ рафт.
– Напарронед!
Ин овози фармондеҳи взводе буд, ки аз куҷое дар болои сари Дадабой ҳозир шуда буд. Вай ба сохтани саҳначаи нави пулемётгузорӣ роҳбарӣ мекард. Сарулибоси ӯ чангу хоколуд буд.
– Монед, кори саги дайду беҳуда аккос задан аст, – гуфт фармондеҳи взвод – лейтенанти хурд. – ашФашист аз барор нагирифтани ҳамлаҳояш дар ғазаб шуда, чӣ кор карданро намедонад.

пешина
аз 333
навбатӣ