Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳа духтарам, пешонаат турш, боз чӣ шуд?
Зебӣ сархам хомӯш монд.
– Ҳаштсаду чилу ҳашт грамм нарасид, – ҷавоб дод Шокирҷон, ки аз қафои муаллимаи худ расида омада буд. Хаёли Бобо ҳам дар аввал як дам парешон шуда, каланди дар китфаш бударо беихтиёр ба замин монд ва боз дарҳол ба худ омада, ба Зебӣ гуфт:
– Эҳ, духтарам, ҳеҷ воқеа нест. Осмон омада ба замин начаспидааст. Хайр, мусобиқаро бурда бошад, Мамараҷаби худамон бурдааст, бачамард ҳам аз номи худаш, ҳам аз номи Сафар аҳду паймон карда буд, олам гулистон, ҳеҷ боке нест.
Зебӣ як қадар худро аз бори гарон озод ҳис карда, сари поён фуровардаашро оҳиста бардошт. Бобо ба чеҳраи парешони ӯ нигоҳ карда гуфт:
– Коре шаваду нақшаи колхозамон пур шавад, обрӯю номуси ҳамаамон дар ҳамин. Биё, бо ҳар чиз бе асос худатро дилтанг накун. Ҳозир ба чайла раву ҳамон меҳмонҳоро ба бошишгоҳи колхоз сар карда бар. Раис таъйин кард.
– Зану духтари Егоровро ба хонаи худамон мебарам, – ҷавоб дод Зебӣ.
– Ихтиёрат, аввал аз раис ё Саркор пурсидан даркор, онҳо ҳам дар бошишгоҳ меҳмондорӣ доштаанд.
Зебӣ ба сӯи шипанг роҳ гирифт. Юнусбобо як дам аз қафои ӯ нигоҳ карда, ба Шокирҷон, ки дар паҳлӯяш меистод, гуфт:
– Дидӣ, писарам, чӣ хел муаллима дорӣ. Агар ҳамаи шумо – ҷавонон ҳам мисли вай ба кору меҳнат ҷонсупор ба воя расед, олам гулистон, дар зиндагӣ чӣ корҳои аҷоибе мешавад...


Ба ҳамин тариқ, рӯзу шаб, моҳ аз пайи моҳ гузашта,
ноябр ҳам даромад. Аз ҳавои сарди тирамоҳ замин нам
кашида, се-чор боронгарӣ гарду ғубори тобистони дароз ба рӯи баргҳои дарахтон нишастаро шуст. Чор
атроф тиллоранг медурахшид. Акнун дар пахтазор
ғайр аз якчанд кӯракчинону ғӯзапоя даравандагон, дигар касе дида намешуд.

пешина
аз 333
навбатӣ