Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Ҳозир дар саҳрои кор бошем ҳам, ҳамеша худро аскари взводи Сафар Одинаев медонем.
Зебӣ аз як тараф аз ин гапи Мамараҷаб дилтанг мешуд, аз тарафи дигар ному амали Сафарро вирди забон карданаш ӯро шод мекард.
– Хуб, ин тавр ки бошад, ба ғайрататон ғайрат зам шавад.
– Аз шумо нияти нек аз мо ғайрат, муаллима, – ҷавоб дод Мамараҷаб ва ба пахтачинӣ сар хам кардани Зебиро дида, ӯ ҳам дарҳол даст ба кор бурд.
Рӯз ба охир расида, садои занге ки аз назди шипангҳо баланд шуд, ҳамаро ба хӯроки бегоҳӣ даъват кард.
Аъзоёни бригадаи Юнусбобо ба сари тарозу ҷувол – ҷувол пахтаи чидаи худро оварда, ба назди лавҳаи натиҷаҳои мусобиқаи сотсиалистӣ, ки ба танаи дарахти бед овехта шуда буд, ҷамъ меомаданд. Дар он ҷо Шокирҷон ба ҳама маълумот медод. Аз ҳама охир Зебӣ ҳам омада, бо саросемагӣ ҷуволи охирини худро ба пеши тарозубон партофту ба назди лавҳа рафт.
– Акнун чӣ қадар шуда бошад? – пурсид ӯ худ ба худ ва ба лавҳа чашм дӯхт.
– Муаллима, аз они шумо панҷоҳ килограмм намерасад, – дарҳол гуфт Шокирҷон.
– Барои чӣ намерасад? Ҳотамҷон, гӯед, пахтаи ҳозир овардаам чӣ қадар? – бо изтироб пурсид Зебӣ ва рақамҳое, ки дар лавҳа бо гаҷ навишта шуда буданд, аз ҳаяҷон ба чашми ӯ он қадар равшан наменамуданд.
– Чилу нӯҳ килограмму боз яксаду панҷоҳ грамм, – ҷавоб дод тарозудор.
– Оббо Зебунисо, боз камакак нарасида мондааст, – бо алам гуфт Умрихола.
Зебӣ дар мобйни пахтачинон аз орият то нӯги нохунаш дар оташи шарм сӯхт ва аз давра чӣ хел баромада рафтани худро надонист. Ӯро Юнусбобо, ки дар китфаш каланд дошта ва дар дасташ як банд алафҳои бегонаи аз пахтазор канда гирифтаро бардошта меомад, аз роҳ боздошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо