Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Дар чайлаҳои саҳроӣ гулхани ғӯзапоя даргирифта, дар атрофи онҳо занону мардон кӯрак тоза мекарданд.
Яке аз рӯзҳои ноябр буд. Дар шипанги бригадаи Юнусбобо, ғайр аз занону мардони кӯрак тозакунанда, Барно, Шокирҷон ҳам ҳозир буданд. Онҳо навбат ба навбат рӯзномаҳои навро хонда, ба колхозчиён аз вазъияти ҷабҳаҳо, аҳволи дохилӣ ва хориҷии мамлакат ахборот мешунавонданд. Дар айни авҷи ҳамин рӯзномахонӣ Юнусбобо як пуштора ғӯзапоя ва як ҷувол кӯрак бардошта омада, ба шипанг даровард.
– Боз панҷ-шаш ҷувол кӯрак монду тамом, – гуфт вай ҷуволро ба як кунҷ монда.
– Кӯрак-ку кӯрак, – гуфт Умрихола ба Бобо, – ин хабарро шунавед.
– Боз чӣ хабар, хӯш, канӣ? – пурсид Бобо ба наздиктари гулхан нишаста.
Барно рӯзномаро кушода, хабареро хонд, ки дар он дар тамоми колхозҳои ҷумҳурӣ сар шудани ташаббуси пулҷамъкунӣ барои сохтани корвони танкҳои «Колхозчии Тоҷикистон» зикр ёфта буд. Бобо хабарро бодиққат шунида, каме фикр карду гуфт:
– Ҳар кас ки ин ташаббусро сар карда бошад, ман ҳам шарики ӯ.
Ҳозирон ба рӯи Юнусбобо нигоҳ карда монданд.
Бобо ҳам ба ҳамаи онҳо як-як чашм давонду аз ҷояш бархост ва аз шипанг баромада гуфт:
– Ба пеши Саркор рафтам, номи маро ҳам нависад, ними даромади имсолаамро медиҳам.
– Ҳой, додар, – аз қафои ӯ овоз баровард Умрихола ва аз ҷояш хест, – якбора номи маро ҳам нависонед, моён аз кӣ камӣ дорем.
Аз қафои Умрихола дигарон ҳам барои корвони танкҳои «Колхозчии Тоҷикистон» бахшидани ниму чоряки даромади солонаи худро арз карданд. Юнусбобо аз роҳаш баргашта, ба Барно фармуд, ки ҳамаи аъзоёни дар ин хусус хоҳиш изҳоркардаро рӯйхат кунад. Барно ҳамаро як-як навишту дар охири рӯйхат номи худашро ҳам даровард.
– Ба ту чӣ ҳоҷат, духтарам? – пурсид Бобо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо