Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳа, бале, Саркор, аз худатон гап намемонад, – гуфт Юнусбобо.
– Ба ин худи Ҷамолиддин чӣ мегӯяд? – ба Ҷамолиддин муроҷиат кард раис акои Олим.
Ҷамолиддин сари ба оби арақ ғӯтидаашро вазнин боло бардошт ва оҳиста нафаси чуқур кашиду гуфт:
– Ман, раис, дар дилам заррае нияти бад надорам ва одами аз меҳнату мушкилӣ мегурехтагӣ ҳам нестам.
Дар бригадаам, ки нисбат ба шумораи аъзоёнаш заминаш хеле зиёд аст, рӯз аз рӯз душвор шудани корро бештар ҳис карда, рӯйрост ба шумо арзи ҳол кардам, ки маслиҳату ёрӣ гирам. Чуноне ки Юнусбобо гуфтанд, ман дар вазифаи бригадирӣ ҳоло мисли Салим – амаку Шомуродино гурги борондида ҳам нестам.
Шомуроду Салимамак пичингомез будани ин гапи Ҷамолиддинро пай бурда, зери лаб табассуми маънидор карда, ба ҳамдигар чашмак зада гирифтанд.
– Мо, Ҷамолиддин, ҳамеша ба маслиҳату ёрӣ тайёр,
– гуфт раис, ки аз гапҳои самимона ва узрхоҳона арзкардаи Ҷамолиддин беихтиёр мамнун шуда буд, – аммо, ман бригадири навкор гуфта, дар бригадаат ба бозорчиҳои корчаллон роҳ кушода монданат ба зарари худат.
– Рост аст, ки ҳамин хел касон якта – нимта ҳастанд, раис, – ҷавоб дод Ҷамолиддин, – лекин як не, даҳҳо бор гуфтам, нашуд, магарам, ки акнун аз доманашон маҳкам дорам.
Ҳама оҳиста хандиданд. Гапро Одил Саркор гирифт:
– Аз доманашон доштан шарт не. Fайр аз ин, деҳқонро аз бозорравӣ маҳрум кардан ҳам кори дуруст намешавад. Чунки ризқи деҳқон аз бозору файзи бозор аз деҳқон аст. Бигузор, ҳар колхозчие, ки дар колхоз ҳалол меҳнат мекунад, дар вақт – вақташ бозориашро ҳам кунад. Аммо, он касе, ки шабу рӯз танҳо роҳи бозорро чӯт мекунаду аз кору бори колхоз заррае парво надорад, иллате дар ҷисми колхоз аст, ки зуд пеши онро гирифтан даркор.

пешина
аз 333
навбатӣ