Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шомурод луқма партофт:
– Сари Ҷамолиддинро ана ҳамон се-чор корчаллонҳои бозорчӣ бояд гиҷ карда бошанд...
Ҷамолиддин ба Шомурод номаълум карда норозиёна назар афканд. Дигарон гапи Юнусбобо. Шомуродро тасдиққунон, «рост, неши иғво ҳамон корчаллонҳо»
гуфта луқма партофтанд.
Юнусбобо гапашро кӯтоҳ карду ба раису Саркор муроҷиат карда, Ҷамолиддинро мулоим тарафгирӣ намуд:
– Ба фикрам, раис, худи Ҷамолиддин деҳқонбачаи бад не. Акнун, ин хел аз сахтию мушкилиҳои якбора пешомада ҳаросидан дар ҳар кас ҳам мешавад, алалхусус дар бачамардоне, ки гармию сардии зиндагиро ҳанӯз дуруст надиданд. Ҷамолиддин бояд андеша кунад ва аз ҳама аввал лаҷоми ҳамон се-чор бозорчиҳои хонашеру майдонғарибро дурусттар кашида монад, ки авзои дигаронро вайрон мекардагӣ ҳам худи ҳамонҳо ҳастанд. Баъд, мехостам ҳаминро ҳам гуфта гузарам, ки Ҷамолиддин ба қарибӣ аз сардории звено ба сардории бригада гузашт. Якбора аз серкорӣ ҳаросидани вай ҳам бесабаб нест. Рости гап, ҳоло Ҷамолиддин каме хому камтаҷрибатар аст. Боз се-чор бор ҳамин хел пешпо хӯрад, таъна шунавад, азоб кашад, баъд чашми корро нағз омӯхта мегирад. Ин кор аз сари ҳамаи мо гузаштааст ва ҳеҷ кадомамон якбора худ аз худ кордону оқил нашудаем. Ба қавли Шайх Саъдӣ:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Яъне одам ташвиши зиндагиро дида, азобу уқубат кашида, кор омӯхта, насиҳату маслиҳат шунавида ба камол мерасад, пухта мешавад.
– Қисса кӯтоҳ, мақсади Юнусбобо ҳамин аст, ки, – гуфт Одил Саркор, – Ҷамолиддин гуфтору рафтори худро дурусттар фикру мулоҳиза кунад. Ҳамин тавр не, мӯйсафед? – аз Юнусбобо пурсид Саркор. Юнусбобо ба аломати тасдиқ сар афшонд. Саркор боз ба гапаш давом дод: – Яъне бо ақли солим муҳокима намояд, ки оё ин хел нолишу шикояти бевақту соати ӯ ба осиёби ҳамон ду-се корчаллонҳои бозорчӣ, танбалони коргурез об намерезад?

пешина
аз 333
навбатӣ