Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Раис, ба фикрам, ҳамин гуна ду-се касонро, ки аз мушкилиҳои замони ҷанг фоида бурда, ба ном худро колхозчӣ метарошанду дар амал ҳаннотӣ мекунанд, сахтакак афшонда мондан лозим.
Ин фикр ба дигарон хеле маъқул афтода, ҳама онро тарафдорӣ карданд. Бригадир Салимамак илова намуд.
– Ин кор дигар якта – нимта танбалу соянишинҳоро ҳам ҳушёр хоҳад кард.
– Ана, яке аз чораҳои ёрӣ ба ғунучини пахта, – ба Ҷамолиддин нигоҳ карда гуфт Шомурод.
– Чораи дигар, рафиқон, – гуфт раис, – ташаббуси бригадаи Юнусбоборо тарафдорӣ карда, якчанд рӯз пахтачиниро шабҳои маҳтоб ҳам давом додан лозим.
Дар ин бора роҳбарият ва ташкилоти ҳизбии колхоз боз машварати махсус мегузаронад. Коре кунем, ки на фақат нақша, балки ӯҳдадории гирифтаамон ҳам бармаҳал иҷро шавад.
– Дар хусуси ёрӣ ба бригадаи Ҷамолиддин бошад, – гуфт Одил Саркор, – як таклиф ҳаст, яъне дар давраи ғунучини пахта звенои Мамараҷаб аз бригадаи ман ба бригадаи Ҷамолиддин гузаронда шавад.
Раис нимҷиддию нимшӯхӣ пурсид:
– Баъд, худи ту ҳам ба сари мо аз дасткӯтоҳиат арзу шикоят карда наоӣ?
– Ҳеҷ воқеа не, – ҷавоб дод Одил Саркор ҳам шӯхиомез, – зӯр ояд худи туро бо ҳамаи ходимони идораат як звено карда пеш меандозам.
Хандаи қоҳ – қоҳ хонаро пур кард. Ҷамолиддин аз ин кинояҳо гоҳ сурх мешуд, гоҳ бесаришта. Егоровро ҳамаи ин гуфтугӯ. чақ-чақҳо ба завқ меовард. Вай ҳам аз иштироки худ дар ин давра мамнун гашта, барои ду-се даҳан гап задан иҷозат гирифт:
– Пеш аз ҳама бояд эътироф кунам, ки, – гӯён орому ботамкин ба сухан сар кард ӯ, – забони шуморо надонам ҳам, ба воситаи тарҷумаи раису котиби ҳизбитон мазмуни гапҳои шуморо фаҳмида, хеле ба ҳаяҷон омадам. Ин ҷамъомади шумо маҷлиси расмӣ набошад ҳам, вале мазмунан аз ин гуна маҷлисҳо афзалтар аст.
Бинед, чӣ тавр барои кори худ дилсӯзӣ, ғамхорӣ мекунед, чӣ тавр камбудӣ ва комёбии якдигарро аз нуқтаи назари фоидаи кор аҳлона, рӯйрост муҳокима менамоед?

пешина
аз 333
навбатӣ