Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ана, садқаи аҳли фаҳм шавам, раис, – бо мамнунӣ ҷавоб дод Гулбибӣ, – ба ошпазӣ ҳам худам ёрмандӣ мекунам, лекин дар пахтачинӣ ҳам як бор ҳунари ин дастони чевари бибиатонро тамошо кунед.
Бибизайнаб ба ин калонгирии пешакии Гулбибӣ эътирозомез ҷавоб дод:
– Ҳай – ҳай, оҳиста, дугона, боз зӯри беҳуда миёнро нашиканад.
Ҳама хандиданд. Гулбибӣ оташин шуда, ба сӯи Бибизайнаб бо қаҳр нигоҳ карда гуфт:
– Аз ёдатон баромад, Бибизайнаб, ин миён дар вақтҳои зоидаю поида калон кардани чор писару се духтар нашикасту магар акнун мешиканад?!
Дар мобайни ҳамин гап ба чайла писараке омада, ба раис ва котиби ташкилоти ҳизбӣ хабар расонд, ки аз район вакил омада онҳоро мепурсад... Акои Олим, Одил Саркор бо аъзоёни бригада хайрухуш карда, аз чайла баромада рафтанд. Юнусбобо ҳам онҳоро гусел карда, аз пеши чайла ҳамаро ба кор даъват кард ва ба Зебию Мамараҷаб, ки ҳар ду дар паҳлӯи вай меистоданд, муроҷиат карда гуфт:
– Акнун, ба ҳар дуятон ҳам остинро болотар бар зада, миёнро маҳкамтар баста, кор кардан лозим меояд, фарзандонам.
Мамарҷаб ба ин гапи Бобо ҷавоб доданӣ буд, ки аз дур ба сӯи чайла як гурӯҳ муаллимон ва талабагони синфҳои болоии мактаби деҳа меомаданд, ки ҳар кадоми онҳо бо худ пешдомани пахтачинӣ доштанд.
– Ана, пахтачинҳои мо ҳам омаданд, – хурсандона гуфт Зебӣ.
– Гӯй, ба замине, ки дирӯз ҷудо карда будем, дароянд, – фармуд Юнусбобо.
– Хӯш, – гӯён Зебӣ ба пешвози одамони худ шитобид. Мамараҷаб ҳам саросема бо Юнусбобо хайрухуш карда, ба тарафи звенои худ баргашт. Юнусбобо миёнбандашро маҳкамтар баста, каланди панҷкилоии рӯпаҳнеро, ки дар пеши чайла меистод, озод ба китфаш гирифта, барои обёрӣ кардани ниҳолҳои обталаби пахта, ки ҳанӯз саросар нашукуфта буданд, лаб – лаби ҷӯи калон ба пахтазор даромада рафт.

пешина
аз 333
навбатӣ