Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳой, Умрӣ, – Умрихоларо ҷеғ зад Гулбибӣ аз мобайни ниҳолҳои қариб як қади одам сар кашидаи пахта ба сӯи ӯ рӯ гардонда, – Юнусбобо ҳам ниҳолҳои пахтаро аз решаи дилаш об дода парваридааст-дия.
– Ҳа, магар кам меҳнат сарф шуд, – ҷавоб дод Умрихола аз чидани пахта даст наканда, – модар кӯдакашро ба синааш пахш карда парваридагӣ барин. Бобои падарраҳмат ҳам ҳар як ниҳолро бо тасфи синаи худ сабзонид...
– Рост, ана бинед, то қарибии решааш шох дода, ғӯза бастаст, ки кас шумурда натавониста, ҳисобашро гум мекунад.
– Нашуморед, – ба гап ҳамроҳ шуд Бибизайнаб, ки қади пасташ дар оғӯши ниҳолҳо пинҳон шуда буд, – боз баракааш напарад.
Ба рӯи ожанг зеркардаи Гулбибӣ табассум пайдо шуда гуфт:
– Дуруст гуфтед, нашумор, бисёр чин, беҳбудии корро бин, мегӯед-дия, садқа, – гуфт Гулбибӣ ва боз чусту чолоктар ба чидани пахта сар хам кард. Ҳар ду дастони вай мисли дастони раққоса беист дар ҳаракат буданд. Ангуштони қоқи борики вай ба даҳони ғӯза часпида, пахтаи барф барин сафеду пари қу барин мулоимро кашида, кафашро пур мекарданд. Баъд аз ҳар бори аз пахта пур шудани кафҳо, даст ба сӯи пешгир мерафту халтаи пахтачинӣ торафт варам мекард.
Вақте ки ин рӯз ҳам ба охир расида офтоб ба паси кӯҳҳо фурӯ нишаст ва якта – якта ситораҳо ба чашм афтодан гирифтанд, тарозудори бригада, ҷавони қоқина аз як сар чӣ қадар пахта чидани чинакчиён, звеноҳо ва умуман бригадаро эълон кард.
– Аз они мо чӣ қадар шуда бошад? – мепурсид бо бесабрӣ пахтачини ориятталаб – Гулбибӣ.
– Дусад, – ҷавоб гардонд бо шӯхӣ Бибизайнаб.
– Дусад набошад ҳам, коре карда аз шумо камтар набудагист, – ҷавоб дод Гулбибӣ.
– Аз они Бибизайнаб – холаам, 90 килою сесад грамм, – ҷавоб дод тарозудор.

пешина
аз 333
навбатӣ