Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Канӣ, Мамараҷаб, додарам, набошад, миёнро маҳкам бандед, – гуфт Одил Саркор.
– Маҳкам бастагӣ, ако, – гуфт Мамараҷаб ва як пояшро ба тарафи даромади чайла дароз карда, шартномаи мусобиқаи сотсиалистиро аз кисаи шимаш бароварда хонд.
Мувофиқи шартнома ҳар ду сардори звено ӯҳдадор шуданд, ки ҳар рӯз камаш панҷсадкилограммӣ пахтаи хушсифат чинанд, нақшаро як моҳ пештар барзиёд иҷро кунанд.
Зебӣ ба зери шартнома имзо гузошта, хандакунон оҳиста ба Мамараҷаб гуфт:
– Ин имзо ҳам аз номи худам, ҳам аз номи командири қадрдонамон Осмухин аст.
– Мана, ин имзои ман бошад, ҳам аз номи худаму ҳам аз номи бародари ҷониамон Сафар – командир аст, – гуфт Мамараҷаб.
Ҳозирон ба кори мусобиқаи онҳо муваффақият талабида ҳар дуро таҳсин гуфтанд. Аз мобайн Гулбибӣ табақҳои ошро гирифта, ба Юнусбобо гуфт:
– Бригадир, акнун арзи маро ҳам ба раис фаҳмонед.
– Боз чӣ арз? – пурсид раис, – нонатон-ку дар равған, аз ошпазиатон бошад, ҳама миннатдор.
– Дарди ин кас ҳам калон, – ҷавоб дод Юнусбобо ва арзи Гулбибиро фаҳмонд.
Дар ин асно Умрихола ба Гулбибӣ ҳазломез гап партофт.
– Дугонаамон бо як тир ду нишонро заданӣ.
Раис ва котиби ташкилоти ҳизбӣ аз гапи Умрихола завқ карда хандиданд. Баъд Одил Саркор бо чашмони шӯхи хандонаш ба сӯи раис нигоҳ карда, маънидорона гуфт:
– Аҷоиб чолу кампирҳо дорем, раис. Синну солашон ба як ҷо расида бошад ҳам, дар рагу паяшон хуни ғайрат ҳанӯз ҷӯш мезанад.
Юнусбобо ба Саркор ҷавобан гуфт:
– «Бе пир марав, ки дар бимонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ» гуфтаанд, Саркор.
– Хуб майлаш, гуфти Бибӣ шавад, – талаби Гулбибиро тарафдорӣ карда гуфт раис – ошпазиро бошад, навбат кардан лозим.

пешина
аз 333
навбатӣ