Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Барои ҷои якум боз як даъвогари дигар баромад, медонед? – Одил Саркор ба Мамараҷаби хомӯшнишаста ишора кард.
– Хӯш, канӣ, боз кӣ даъвогар? – пурсид Бобо.
– Звенои фронтии бригадаи ман, – гуфт Саркор, – ки сардораш Мамараҷаб мебошад. Вай имрӯз звенои аз ҷавонзанон ва муаллимон ташкил додаи бригадаи шуморо барои ҳар рӯз 500 кило пахта чидан, планро як моҳ пештар барзиёд иҷро кардан ба мусобиқа даъват карданӣ.
Юнусбобо риши абрешим барин мулоими худро бо ангуштонаш молида, як ба Мамараҷаб ва як ба Зебӣ хушҳолона нигоҳ карда, гуфт:
– Бисёр хуб, олам гулистон. Канӣ сардори звенои мо Зебинисо чӣ мегуфта бошад?
– Чӣ мегуфтам, мусобиқа бошад – мусобиқа, – бо дилпурӣ ҷавоб дод Зебӣ ду милаи мӯи аз болои сарбандаш чанбар карда ба ҳам бастаашро пештар кашида.
– Охир, ҳам кори мактаб, ҳам кори звено, ин чӣ хел мешавад? – пурсид Бибизайнаб раҳмдилона ба Зебӣ чашм дӯхта.
– Ҳар дуяш ҳам мешавад, – ҷавоб гардонд Зебӣ бо дилпурӣ, – гап дар ғайрати аъзоёни звено.
– Гуфти шумо – гуфти мост, муаллима, – гӯён ду-се ҷавонзанон, аъзоёни звенои Зебӣ, ки дар давра менишастанд, фикри ӯро тарафдорӣ карданд.
Одил Саркор баробари дигарон аз таом даст кашида, гуфт:
– Fайрати ҷавонӣ ҷӯш занад, кӯҳро талқон мекунад.
Азму иродаи муаллимаи мо лоиқи таҳсин. Лекин ба кори вай ҳам ҳамаамон бояд ёрмандӣ кунем. Дар сари вай як ғами пахтачинӣ не, ғами шикастурехти мактаб ҳам ҳаст, Бобо.
Юнусбобо ҳам ба фикри Одил Саркор шарик шуда, илова кард:
– Лозим бошад, ба шикастурехти мактаб ёрмандӣ кардан ҳам аз дастамон меояд, Саркор.

пешина
аз 333
навбатӣ