Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ин гапатон ҳақ, – боз илова кард Раҳмончол, – дар як замоне ки диқкати тамоми мамлакат ба ҷанг аст, боз ҳукуматамон дар бобати ривоҷдиҳии кори деҳқонӣ ҳам ғамхориро фаромӯш намекунад.Дар замони пеш, дар хотирам ҳаст, солҳое ки ҳамин хел як ҷанги калон шуда буд, се моҳ нагузашта ба сари мардум балои қаҳтию қиматӣ омада буд. Дар ин деҳаҳо қариб одам намонда, заминҳои корам ба найзору гургхона мубаддал шуда буданд. «Ба болои сӯхта намакоб»
гуфтагӣ барин, боз подшоҳи золим андозҳои калон мебаст, аз мардуми бечора то куртаи охиринашро кашида мегирифт.Замони ҳозираро бо ҳамон вақтҳо муқоиса кунед, рӯзу шаб барин фарқ дорад.
Хотирагӯиҳои Раҳмончол хаёли аммаи Зебӣ – Бибизайнабро ба хеле дуриҳо бурд. Бибизайнаб ба гуфтаҳои Раҳмончол илова карда бо садои маҳзун гуфт?
– Рост гуфтед, падарҷон, додараки ман ҳам ҳамон солҳои қаҳтию қиматӣ ба Самарқанд рафта, аз ҳамон ҷо ба мардикорӣ гирифта шуда буд. Бечора ҷигаракам дар шаҳрҳои бегона, дар мусофирию гуруснагӣ бедому дарак мурда рафт. Як чиз – ним чиз, ду пул – се пуламон набуд, ки ба арвоҳаш фотиҳа хононда, як даҳан оши худоӣ диҳем.
Баъд аз ин сухани Бибизайнаб дар давра якчанд сония хомӯшӣ ҳукмрон гардид. Ду-се нафар пирамардон, кампирон ба алами кӯҳнаи Бибизайнаб шарик шуда, як-як оҳ кашида монданд.
Хомӯширо ба чайла бо табақҳои ош даромада омадани ошпази бригада Гулбибӣ барҳам зад. Вай ду табақ шавлаи гарми буғаш баромада истодаро, ки дар қишоқ пухта шуда буд, ба пешгоҳи дастархон гузошта, бо хандаи хушҳолона гуфт:
– Бохабар бошед, ҷону ҷигарони оча, боз ангуштони чевару часпони худро сӯзонда, аз кори пахтачинӣ баромада монда, аз ман домангир нашавед.
– Ҳа, бале, олам гулистон, – гуфт Юнусбобо гӯшти устухонҳои шавларо бо ангуштони ғафси худ реза карда, – локин Гулбибӣ шавларо ҳам хеле бомаза пухтаанд, мурда хӯрад, зинда мешавад.

пешина
аз 333
навбатӣ