Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба сари дастархони чайла ҷамъомадагон ҳам мисли аъзоёни як оила нони як танӯрро шикаста, оши як дегро бо шавқу ҳавас мехӯрданд ва бо як овоз ба пазандааш миннатдорӣ изҳор мекарданд. Сардори ин «оила» Юнусбобо ҳар бори дар назди дастархон нишастан, «камамон зиёд, хонаамон обод гардад» гӯён, ба ҳар як аъзои заҳматкаши бригадаи худ бо чашми пурмеҳр ва дили пур аз ифтихор нигоҳ карда, барои меҳнати имрӯзааш офарин мехонду ба хизматаш барака металабид.
– Меҳнати баҳору тобистони дароз кардаамон зоеъ нарафт, – гуфт Юнусбобо ба аъзоёни бригадаи худ дар яке аз рӯзҳои сар шудани пахтачинӣ ба сари дастархони хӯроки гаштирӯзӣ нишаста, – пахтаро бинед, кӯдаки аз шири модар сер шудагӣ барин, ба воя расида, беиллат шукуфта истодаакст. Акнун ҳамаи гап дар ин аст, ки ҳосилро сари вақт чида гирем.
– Оҳ, додарҷон, – ба гап даромада гуфт Умрихола бо нӯги қарсаш мижаҳои чанголуди худро пок карда, – наход, ки ҳосили бо дасти худамон парваридаро дар вақташ начида монем. Рӯз нарасад, шабҳо чӣ?
– Ана, олам гулистон, гапи маъқулро гуфтед, – ҷавоб дод Юнусбобо нони гармакаки нав аз танӯр канда овардаро ба назди худаш ва шариконаш шикаста монда, – лекин аз рӯи ҳисоби хомакиамон пахта чунон бисёр, ки то аз ин сари пал ба он сари пал чида баромадани мо боз ду баробар зиёд ғӯза шукуфта ба чидан маҳтал мемонад. Худатон медонед, ки чидан як рӯз дер монад, пахта ҳамон қадар сифати худро гум мекунад.
– Худаш ҳам ниҳолҳоятон ду бригада одам мечидагӣ ҳосил кардааст, шарик, илоҳӣ баракааш напарад, – гуфт Раҳмончол, ки дар паҳлӯи Юнусбобо нишаста бо милкҳои бедандонаш як луқма нонро аз як лунҷаш ба лунҷи дигараш гирифта мехоид.
– Аз ҳиммати давлатамон, ҳукуматамон, Раҳмонота,
– ҷавоб дод Юнусбобо, – олам гулистон, худатон аз ман беҳтар медонед, агар ҳамин солу замонаи ҷанг дар вақти Оқподшоҳ мебуд, пахта он сӯ истад, мардум якта намонда аз гуруснагӣ қир мешуданд.

пешина
аз 333
навбатӣ