Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сафар ба даст коғазу қалам гирифта ба лейтенант Осьмухин мактуб навишт ва сатрҳои аввали ин мактубро чунин сар кард:
«Ба ҳамротаҳои диловарам, ба фармондеҳам ва бародарам лейтенант Осмухин. Ба роҳбари сиёсии қадрдонам рафиқ Ванюшин!..»

БОБИ БИСТУ ДУЮМ

Дар ҳаво чангу ғубори зардчатоб паҳн мегашт, ки ин аз тағйирёбии фасл дарак медод. Пахтазорони деҳаи Ҷӯйбор, ки понздаҳ – бист рӯз пештар аз ин нилобӣ метофтанд, акнун дар зери офтоби сентябрӣ ба ранги зардчаю норанҷӣ тобиш медоданд. Fӯзаҳои беҳисоби ниҳолҳои пахта аз як сар шукуфта, саҳро ба назари кас мисли осмони пур аз ситора менамуд.
Дар ҳар ҷо – ҳар ҷои пахтазорҳо гурӯҳ-гурӯҳ зану мардон қомат хам карда, пахта мечиданд. Дастони онҳо мокуи бофанда барин беором аз як шохаи ниҳоли пахта ба шохаи дигари вай дароз шуда, ангуштони часпонашон косачаи ғӯзаҳои шукуфтаро аз пахтаи нуқравор холӣ мекарданд.
Баъзан аз дараҳои кӯҳсор насими форам бархоста, ҷабину сари синаи арақшори пахтачинонро бӯсакунон, ба онҳо фараҳи тозае мебахшид. Аз дуру наздик садои сурудхонӣ, ҳаёҳуи ким-кадом касон ва беором чириқ – чириқкунии гунҷишкҳо ба гӯш мерасиданд. Аз гирду пеши чайлаю шипангҳои саҳроӣ, ки аз оғӯши пахтазор мисли чодирҳои саёҳат ба назар менамуданд, ба ҳаво дуди кабудчатоб баланд мегашт. Ин чайлаҳо истироҳатгоҳ ва ҷои таомхӯрии колхозчиён буданд.
Чайлаи бригадаи Юнусбобо дар таги ҳамон беди калон буд, ки аз паҳлӯи росташ ҷӯи шӯхоб мегузашт.
Дар чайла намаду кӯрпача партофта шуда, асбобу анҷомҳои рӯзгор низ муҳайё буданд. Ҳар як колхозчӣ чизу чораи хуфтухоб ва хӯрокхӯриро ба ин ҷо оварда буд.Якчанд қадам дуртар аз чайла оташдони калон сохта шуда, дар он деги якпудӣ гузошта шуда буд. Дар ин оташдон ҳар рӯз се маҳал оташ дармегирифту барои як бригада колхозчиён хӯрок мепухтанд. Хӯрок ки тайёр шуд, ошпаз Гулбибӣ занги худро зада, як ҳавлӣ фарзандони худро ба сари дастархон даъват мекард.

пешина
аз 333
навбатӣ