Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Гулбибӣ боз ба ду табақи дигар шавла оварда, ба Юнусбобо ҷавоб дод:
– Сад таъриф кунед ҳам, пухтани шавла куҷою пазондану ғундоштани пахта куҷо. Росташро гӯям, дар гирди як дегу оташдон аз пагоҳ то бегоҳ овора шуда гаштани ман аз рӯи инсоф нест, бригадир.
– Хӯш,хӯш, канӣ, олам гулистон, боз чаро аз ин хизмат ихлосатон гашт? – пурсид Юнусбобо ангуштони равғанолуди худро пок карда.
– Дар пеши назарам пахта шукуфта, аз косачаи ғӯза ғоз – ғоз баромада, «маро чин» гӯён маътал бошаду ман кафгир ба даст аз пагоҳ то бегоҳ дуди оташдонро ба димоғ кашида шинам, хуб аст?
– Дарди кампир ғӯза-ку, – ҳазломез гап партофт Раҳмончол. Ҳама хандиданд.
– Ҳа, набошад чӣ, – боз бо пешхезӣ гуфт Гулбибӣ ба тарафи Раҳмончол нигоҳ карда, – худи шумо-ку аз қаровулӣ орият карда, худатонро ба оғӯши пахтазор задед. Магар орияти ман аз шумо дида камтар аст?
– Ҳама дарду ҳасрататонро ба болои дастархон кашола карда омадед-а, ҳамсоя! – пичингомез гуфт Умрихола.
– Ҳамин рӯз ба худам фикру хаёлкунон аламам кард, очаи Сафар, акои Раҳмон ба ҳамин синну сол рӯзе чилкилограммӣ пахта чинанду ман наход ақаллан дар мобайни ошпазӣ бист – биступанҷ кило чида натавонам?
– Метавонед, албатта, – тасдиқ кард Юнусбобо, – лекин шиками ин сияҳчашмонро дар вақташ сер кардан ҳам кори осон нест, Бибӣ.
– Бибиатон садқа, бригадир, ман ҳам чӣ хел аз ӯҳдаи кори пахтачинӣ баромада тавонистани худамро як нишон диҳам мегӯям, дар вақташ сер кардани шиками инҳо бошад, майлаш, вай ҳам ба гардани ман.
Дар ҳамин вақт аз беруни чайла гапзанон оамадани раис-акои Олим, котиби ташкилоти ҳизбӣ – Одил Саркор шунида шуд. Онҳо ба даромади чайла омада, ҳар ду қариб баробар гуфтанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё