Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Як чиз гӯям, гӯш кунед, рафиқон, чӣ мешуд, ки нисфи маҳмаддоноии Дадабой дар Сафар, нисфи камгапии Сафар дар Дадабой мешуд-а?
Дадабой аз гапи Зоя ранҷидагӣ барин худашро дуртар кашиду хомӯш монд. Дарҳол старшина Игнатев тағйирёбии авзои ӯро пай бурда гуфт:
– Ана, худи ҳозир Дадабой гуфтаи шуморо кард.
Зоя ҳам дарҳол абрувони дарҳамкашидаи Дадабойро дида, ба наздаш рафта, барои ростӣ ранҷидани вай хушомадкунон ба китфаш даст монда гуфт:
– Даррав аз ҳазли ман ранҷидед?
Дадабой қасдан худашро боз ҷиддитар нигоҳ медошт.
Зоя бошад, торафт нармтар гап мезад.
– Бо ин табиати нозуки занона шумо кӣ ҷабҳагӣ мегӯяд?
Дадабой боз гап назад. Дигарон ҳам ба ин рафтори вай бо завқ нигоҳ мекарданд. Зоя зӯр мезад, ки ӯро ба гап дарорад.
– Хайр, биёед акнун оштӣ, – гӯён Зоя дасти Дадабойро ба дасти худ гирифт. Дадабой ҳам вазъияти ҷиддии худашро дигар нигоҳ дошта натавониста, хандид.
– Офарин, аскар, – гуфт сержант Гуреевич, – ана ин устувориро бинед, боз охир маҷбур кард, ки худи Зоя Павловна хушомад занад.
Аз дари калон комиссари бемористон бо ҳамроҳии духтури калон Алексей Дмитриевич Романов баромада омаданд. Сафар ва шариконаш онҳоро аз ҷояшон хеста, дар вазъияти низомӣ пешвоз гирифтанд. Романов ба Зоя Павловна ва ду ҳамшираи дигари тиббӣ бодиққат ва ҷиддӣ чашм дӯхт. Ҳамшираҳо дарҳол худро ба як канор гирифтанд. Комиссар ба қиёфаи рамидаи ҳамшираҳо табассумкунон нигоҳ карду ба ҷанговарон муроҷиат намуд:
– Хӯш, бародарон, акнун боз ба ҷабҳа?
– Ҳа, рафиқ комиссар, ба ҷабҳа, – ҷавоб дод старшина Игнатев.
– Бисёр хуб, муваффақият металабам. Моро ҳам фаромӯш накунед, аз корҳои ҷангии худатон навишта истед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё