Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Баробари аз дар намоён шудани Сафар ва Дадабой ҳамаи ҳозирон ба онҳо нигоҳ карда, қариб бо як овоз гуфтанд:
– Ана, домод ҳам баромаданд, арӯс канӣ? – пурсид Дадабой ба ҳамшира Зоя Павловна нигоҳ карда.
Зоя хиҷолатомез ҷавоб дод:
– Ман аз куҷо донам, балки аз ман шумо беҳтар медонед.
– Агар маро домод мегуфтанду арӯсам кӣ гӯён мепурсиданд, – гуфт Дадабой ба Зоя Павловна наздиктар шуда, – аз барои худо бе ҳеҷ фикру хаёл шуморо нишон медодам.
Дигарон хандиданд. Старшина Игнатев гуфт:
– Агар Зоя туро нахоҳад-чӣ?
Дадабой ба чеҳраи Зоя нигоҳкунон оҳи дарозе кашиду ҷавоб дод:
– Эҳ... дасткӯтоҳии ман ҳам дар ҳамин. Агар шаҳри худам мебуд, рост дуздида ҳам мегурехтам.
– Худоро шукр, ки, – гуфт Зоя хандида, – дар Сталинобод ҳамин хел нашудааст...
– Ҳа, рост, дар Сталинобод-ку қариб шаш моҳ дар як қисм будем, – илова кард Сафар.
– Дар Сталинобод саҳар рафта, хуфтан меомадему ин оимча қатӣ дурустакак рӯ ба рӯ намешудем, – гӯён Дадабой торафт ба Зоя Павловна наздиктар менишаст.
– Дар госпитал бошад, ғайр аз хӯрда хоб кардану роҳати ҷон ёфтан дигар ҳеҷ кор надоштем...
Зоя Павловна аз гапҳои Дадабой торафт зиёдтар хиҷолат кашида худашро аз паҳлӯи вай дуртар мекашид ва ба Сафар наздиктар мешуд. Сафар бошад, ба Зоя осуда ва ором нигоҳ мекард. Аз ин рафтори Сафар Дадабой дар ҳайрат мемонд.
– Даҳбошӣ, дар баданат ҳеҷ оташи ҷавонӣ дорӣ? Ин кабӯтарро бин, худаш ба паҳлӯят парида равад ҳам, ҳайкал барин аз ҷоят намеҷунбӣ... Э доде, охир ба уболи ҳамин фаришта мемонӣ, ҷӯра.
– Охир, ту йигити сероташ, худатро маъқулаш кунонда натавонӣ, магар ман айбдор? – гуфт Сафар.
Зоя дар мобайни ҳар дуи онҳо истода гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё