Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар болои ҳамин гап дар дасти сартарошзан қайчӣ чиқ – чиқ карда, диқкати Дадабойро ба худ кашид.
Дадабой ба назди оина омада ба чеҳраи Сафар нигоҳ кард.
– Эҳе, боз ин чӣ одати нав?..
– Ҳа, ин ҳам як ҳавас, ҷӯра. Ана ин оим гуфт, ки мӯйлаб монед, ба шумо мезебад. Ман ҳам не нагуфтам.
Биё, майлаш, аз бемористон як нишона.
– Аз афташ кам – кам Чапаев ҳам шуданӣ.
– Хайр одам мисли Чапаев шавад, магар бад аст?
– Кирои шудан фақат бо мӯйлаб мондан не, худаш барин фармондеҳи номдор шавӣ, ана сонӣ кас қоил мешавад.
– Сабр кун, дар ин ҷанг аз ману ту барин касоне, ки пештар ба даст ягон бор туфанг нагирифтаанд, чунон фармондеҳон бароянд, ки ҳама қоил шаванд.
– Ҳамин қадар дар ҷанг гашта, ғайр аз ту барин даҳбошиҳо, дигар аз худамон ақаллан ягонта командири взводро ҳам надидам...
– Ана ман гуфтам, ту шунидӣ, аз лейтенанти хурд то полковнику генералҳоро набинӣ, гапам бекор.
Сафар аз ҷояш бархоста, ба сартарошзан ташаккур хонду пилоткаашро пӯшида, ба тарафи дар роҳ гирифт. Дадабой аз нӯги пой то сар ба саропои қиёфаи хеле лоғаршуда ва рангпаридаи вай бо диққат нигоҳ карда, ба таври ҷиддӣ гуфт:
– Баъд аз ин мӯйлаб акнун тамоми исту бистат полковникзеб шудаасту лекин ана ин нишонаҳои даҳбошигӣ камтар халал расонда истодаанд.
– Хайр, рафтем. Ба ту як гап нарасад, то он сари дунё гирифта мегурезӣ, – ҷавоб дод Сафар.
– Оббое, оббое, – гуфт Дадабой баробари вай қадам монда, – даррав мизробатон ҳам полковникӣ шуд-а?
Онҳо берун баромаданд. Дами дари ҳавлии бемористон як захмдори палатаи Сафар – ҳамон марди ҷингиламӯи китобхон, ки насабаш Игнатев буда, дар гиребонаш нишонаҳои старшинагӣ дошт, боз як Гуреевич ном сержанти белорус, ки ҳанӯз ангуштони дасти чапаш докапеч буданд ва Йӯлчӣ ном ӯзбекбача дар харак бо ду-се ҳамшираи тиббӣ, ки ба гусели онҳо баромада буданд, сӯҳбаткунон менишастанд.

пешина
аз 333
навбатӣ