Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ду чашм ва тамоми ҳушу хаёл дар роҳи мактуби шумо ҳастам.
Бо паём ва садоқат Сафар».

Зебӣ мактубро зуд баргашта таҳ карду либосашро пӯшида, берун баромад. Шаб хеле торик буд. Аммо ситораҳо чунон ҷило медоданд, ки онҳоро гӯё шумурдан мумкин буд...
– Ҳа, Зебинисо, дар ин бевақтӣ куҷо меравӣ? – пурсид Бибизайнаб аз болои ҷойгаҳи худ.
– Як сари қадам ба пеши Умрихола рафта оям, – гуфт Зебӣ ба тарафи дар қадам ниҳода.
– Ҳа, ягон хабари нав омад?
– Ҳа, писарашон сиҳат – саломат будаанд, ба шумо ҳам салом мегӯянд.
– Ҳарчи Худо оҳи модарашро шунидааст... Илоҳӣ саломат бошад. Холаатро пурсида мон.
– Хуб, – гӯён Зебӣ аз дар баромад.

БОБИ БИСТУМ

– Ҳай худатонро орою торо додед-дия, даҳбошӣ, магар ба хонаи арӯс рафта истодаед? – гуфт Дадабой ба сартарошхонаи бемористон даромада ба Сафар, ки дар курсии сартарош менишаст.
– Аз ягон чиз хушк мемондагӣ барин ин қадар саросема нашав, ҳоло барвақт, – ҷавоб дод Сафар.
– Охир, чор кас ба як худи ту мунтазир аст.
– Айн момент, – гуфт сартарошзани фарбеҳи кулӯла ба Дадабой, ки бетоқатона дақиқа ба дақиқа ба сартарошхона даромада мебаромад.
– Ин аммамуллоят бо кадом забон гап мезанад, даҳбошӣ?
– Ба забони немисӣ, як дақиқа сабр кунед мегӯяд.
– Чаро акнун бо ман немисӣ гап зад? – гуфт Дадабой бо тааҷҷуб.
– Туро аскари ҷангида, албатта забони немисиро медонад гуфта фикр кардагист.
– Афсӯс, ки намедонам, набошад немиси бадастафтодаро аввал худам пурсиш мекардам.

пешина
аз 333
навбатӣ