Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Боз ба кӣ хат овардед?
– Ба модари Сафар, Юнусбобо ва раис. Юнусбобо ҳам хати ба шумо навишташударо аз ман гирифта худашон оварданӣ шуданд, ман «ин аз рӯи қонуни ҳозира не» гуфта, худам овардам.
– Саломат бошед, Ҳодиамак, миннатдор кардед, дароед охир, як дам нишаста дам гиред.
– Не, духтарам, фурсатам танг, як рӯзи дигар меоям.
Ҳодикӯса нӯхтаи «тулфори» худро дошта, пиёда ба роҳ даромад. Аз паси вай той якта – якта шумурда қадам мемонд...
Зебӣ ҳамон замон ба хона баргашта, хати секунҷа таҳ кардашударо кушода, бо шодмонӣ чашм давонд.
«Зебуннисо! Баъд аз якчанд рӯз имкон пайдо кардам, ки ин номаи худро барои шумо нависам. Аз он рӯзи мактуби охирин то ин дам хомӯш мондани ман ҷои тасвир надорад. Мухтасар ҳамин, ки дар ин муддат на танҳо аз дунё, ҳатто худ аз худ ҳам бехабар будам... Инро ман фақат аз варақаи бемории дар бемористон будаам фаҳмидам. Чуноне ки мегӯянд, аз як мурдан мондаам. Акнун, аз рӯи гуфти пирон, бояд умри дароз бинам.
Ҳозир бошад, дар умеди зудтар боз ба адои хизмат рафтан ҳастам. Дар гирду пешам бародароне дорам, ки дӯстии мо бо хуни дар раҳи як мақсад рехтаамон боз мустаҳкамтар шудааст...
Акнун мехоҳам ғоибан дасти шуморо дошта ҳолпурсӣ кунам. Ман шуморо ҳамеша мисли аввала шод, хандон тасаввур мекунам. Лекин барои чӣ бошад, ки баъзан ба назарам камтар маъюс, мондашуда, лоғар, чашмони хандонатон ғамгин менамояд... Албатта, ба шумо мушкилиҳои гӯшношунидаю чашмнадидаро ба сар бурдан насиб гардид.
Орзумандам ва боварӣ дорам, ки рӯзи фирӯзии мо мерасад ва мо бо ғалабаҳо ҳамдигарро муборакбод мекунем!
Мактубро дар ҳамин ҷо хотима дода, хоҳиш мекунам, ки аввало аз саломатиатон, корҳои мактаб, аз сиҳатӣ ва кору бори модари серобичашми ман, аз саломатии аммаатон, махсусан аз аҳвол ва кори падархондамон Юнусбобо муфассал нависед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё