Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Албатта, рафиқ комиссар, менависем, – ҷавоб дод боз Игнатев.
– Хуб, хайр... – гуфт комиссар дасташро ба хайрухуш дароз карда. – Иҷозат диҳед ба ҳамаатон роҳи сафед ва муваффақиятҳои ҷангӣ орзу намоям.
Комиссар ба Сафар даст дароз кард. Дигарон ҳам навбат ба навбат бо комиссар ва сардухтур Алексей Дмитриевич Романов хайрухуш карданд. Навбат ба ҳамшираҳои тиббӣ омада буд, ки онҳо ҳам бо шифоёфтагони худ самимона даст фишурда, хайру маъзур мекарданд.
Вақте ки Дадабой ба назди Зоя Павловна омад, вай дасти ӯро дошта, ба чеҳраи ба худ зебанда, ба чашмони ҳалими кабудчатоби сермижгони ӯ як дам хомӯш нигоҳ карда, баъд ӯро бӯсиданӣ шуд ва лабашро ба сӯи лабони духтар наздик бурд.
– Дар пеши сардорон хуб нест, Дадабой монед, – гӯён Зоя дасташро ба синаи Дадабой монда, ӯро наздик шудан намемонд. Дадабой бошад, беибо ба тарафи духтур Романов нигоҳ кард, аз вай пурсид:
– Рафиқ духтур, иҷозат диҳед ҳамин ҳамшираи ба ман мисли хоҳар дилсӯзикардаро дар охирин дақиқаҳои хайрухуш аз дили соф як бӯса кунам.
Боз ҳама хандиданд. Духтур Романов аз ҳайрат чашмонашро калон кушода, «Хайр, чӣ» гуфта буд, ки Дадабой боз бо зӯр лабашро ба лаби Зоя бурда, ӯро сахт бӯсиду ба забони тоҷикӣ гуфт:
– Эҳ, чӣ ширин! Асал гӯям ҳам, кам... Агар зинда бошам, баъд аз ҷанг худам шуморо аз он сари дунё бошад ҳам, кофта ёфта нагирам, номам Дадабой набошад... Ҳозир то дидана, хайр...


Онҳо аз госпитал ба шаҳр баромада, ба бандаргоҳе, ки дар он ҷо кемаҳои Волга меистоданд, омаданд. Дар ин ҷо ҳуҷҷатҳои худро ба сардори бандар нишон дода, барои савори киштӣ шуда ба баталйони захмдорони шифоёфта рафтан, ки дар шаҳрчаи вилояти Сталинград – Дубовка воқеъ буд, иҷозат гирифтанд.

пешина
аз 333
навбатӣ