Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Зоя ба даъвати Сафар ташаккур хонда, курсиро, ки дар пеши пои ӯ меистод, наздиктар кашида нишаст. Сафар бо чеҳраи пуризтироб ба Зоя беист савол медод:
– Шумо дар ин ҷо чӣ кор мекунед?
– Баъди аз Сталинобод рафтани эшелони шумоён рӯзи дуюм эшелони мо ҳам рафт. Аввал ба Воронеж омадем, аз он ҷо баъд ба ҳамин госпитал фиристоданд.
– Дигар дугонаҳоятон куҷо шуданд?
– Ҳамаашон ба ҳар тараф тақсим шуда рафтанд.
– Дар ин ҷо аз шиносҳо дигар ҳеҷ кас нест?
– Як кас ҳаст.
– Кист?
– Ҷӯраи худатон Дадабой Ёрматов.
– Дадабойи ленинободӣ?
– Ҳа.
– Не, шумо эҳтимол дигар касро гӯед? Дадабой дар ротаи мо ҳамроҳи ман буд, ҳар дуямон ҳатто дар як отделения меҷангидем, дар ҷанги охир ҳам бо ман буд.
– Дуруст, ана дар ҳамон ҷанги охирин баробари шумо захмдор шудааст.
– А, вай ҳам захмдор шудааст?
– Ҳа, шонаи чапу гарданаш. Дар ҳуҷраи дигар хобидааст.
Сафар як дам хомӯш монда, ҷанги охиринро пеши назар овард.
– Эҳ, бечора Дадабой, Дадабой... Хуб бачаи хушҳол буд... Ҳозир аҳволаш чӣ хел?
– Ҳозир ҳам ҳеҷ кас ӯро захмдор намегӯяд, аз шонаю гарданаш ба андозаи танга се оҳанпораро гирифта партофтанд. Боз мех барин доимо ба по. Шабу рӯз дар назди шумо буд.
– Нафаҳмидам, ман кай ба ин ҷо омада будам?
– Имрӯз панҷ рӯз шуд. Аввал бо мошин, баъд бо киштӣ оварданд.
– Ин ҷо худаш кадом шаҳр?
– Камишин.
– Ин хел шаҳрро нашунидаам.
– Дар лаби Волга, аз Сталинград қариб саду панҷоҳ километр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё