Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Зиндаҳо дар куҷо бошанд?»
Сафар, гӯё, ки акси ҳамаи хаёлу орзуҳои худро дар шӯълаи ба девор афтодаи офтоб медида бошад, дергоҳ аз вай чашм намеканд. Ин шӯъла бошад, баробари аз машриқ оҳиста-оҳиста сар бардоштани офтоб калонтар шуда, ба рӯи Сафар, ба кати вай ва ба тамоми хона равшанӣ меафканд...
Ба хона шип – шип пой монда омадани касе шунида шуд. Вале Сафар ҳамоно ба шӯъла нигоҳ мекард. Он шахс хомӯш ба миёнаи хона омада аввал ҳамаи беморони дар катҳо хобидаро аз назар гузаронд, баъд боз шип – шип пой монда, ба болои сари Сафар омад. Сафар ҳанӯз аз чизе пай набурда, ба як нуқта чашм медӯхт...
Баъд аз он ки он шахс оҳиста ба рӯбарӯи Сафар гузашт, Сафар ҳамон сония чашмашро аз шӯъла канда, ба вай нигоҳ кард. Чашмони Сафар ба рӯи он шахс як дам беҳаракат нигоҳ карда монданд. Дар ин дақиқаҳо, мисли моҳе, ки аз зери абр оҳиста-оҳиста намоён мегардад, пардаи сиёҳчаи пеши чашмони Сафар ҳам торафт барҳам хӯрда, ба назари ӯ чеҳраи хандон, чашмони бо ҳайрат ба сӯи вай дӯхташуда равшан намоён мешуданд.
– Сафар... – гуфт бо овози нарми паст он кас.
– Сафар ба чашмони худ бовар накарда, ду-се бор мижа зада боз нигоҳ кард. Ин сафар боз хубтар дид ва бо изтиробу ҳаяҷон ҳатто захми худро фаромӯш карда, сару синаашро аз болин каме боло бардошту бо овози хаста садо баровард...
– Зоя!..
Зоя ҳамон дам барои он, ки дигар беморон бедор нашаванд ва барои он ки Сафар захми худро озор надиҳад, ба сари синаи вай даст ниҳода, ӯро ба болин хобонду гуфт:
– Хомӯш, тсс, дигарон бедор нашаванд.
Аз он ки Сафар баногоҳ нимхез шуда буд, асабҳои ҷароҳат беҷо шуда, тамоми аъзои бадани ӯро дарди сӯзон фаро гирифт. Аммо вай ба ин эътибор надод.
Сонӣ дастони ба синаи худ гузошташудаи Зояро маҳкам дошту аз паҳлӯяш ҷой нишон дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё