Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Мана об, – гуфт Зоя стаканро ба лаби ӯ бурда ва бо як дасташ сарашро беозор бардошта истод.
Дадабой ба лабони хунпарида ва хушку беҷони ба истакон расидаи ӯ абрувони маҳинашро ба ҳам чин карда бодиқкат нигоҳ мекард. Сафар бошад, оби истаконро бо ҳирс фурӯ мебурд. Лабҳои ӯ ҳанӯз чунон карахт буданд, ки чакраҳои об аз ҳар ду кунҷи лаб ба гарданаш мерехтанд. Баъд аз холӣ кардани оби истакон ҳам Сафар даҳонашро аз лаби истакон намегирифт. Зоя боз як истакон об дод. Сафар боз, аввала барин, бо ҳирс нӯшиду баъд сарашро ба болин монда, бо забонаш лабу даҳонашро лесид.
– Сафар, ҷӯраҷон! – гӯён Дадабой сарашро ба рӯи ӯ хам кард.
– Ммм... – гӯён ҷавоб дод Сафар чашмони пӯшидаашро нимроғ карда.
– Ман, Дадо, ҷӯра – гуфт боз наздиктар хам шуда Дадабой ва дасти тасфони ӯро дошт.
Сафар ҳам дасти Дадабойро оҳиста дошта, боз дароз нафас кашид...
Ҳамин тавр, ин рӯзу ин шаб ҳам гузашт... Сафар оҳиста-оҳиста ба худ омада, чашм мекушод. Рӯзи панҷум ӯ бо чашмони бедармони худ ба тирезаи рӯбарӯяш буда нигоҳкунон, аз шарқ ба хона шӯъла афкандани офтоби субҳидамро тамошо мекард... Вай акнун дар бемористон хоб будани худро фаҳмид. Хонае, ки бӯи ғализи дорувораш фаро гирифта буд, катҳое, ки дар болояшон ҷогаҳи сап – сафед густурда шудааст ва одамони рангу рӯяшон заб – зарди беҳолу дармон, ки дар ин ҷо хобидаанд, хеле вақт диққати ӯро ба худ ҷалб мекарданд... Вай охирин ҳамла ва ба сӯи немисҳо норинҷак партофта, боз пеш рафтани худро ба хотир меовард... ва худ ба худ «Сонӣ чӣ шуд?» гӯён савол медод. Ба ин савол ӯ ғайр аз дарду сӯзише, ки ҳар замон дар паҳлӯи чапаш ҳис мекард, дигар ҷавоб ёфта наметавонист ва боз худаш дар дил «Сонӣ захмдор шудаам» гуфта мемонд. Сафар ба як ламъа шӯълаи офтоб, ки мисли оина дар болотари кати хобидааш равшан менамуд, нигоҳ карда, боз фикр мекард... «Чӣ шуд, магар немисҳо мавқеи моро ишғол карданд?..

пешина
аз 333
навбатӣ