Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Аз Сталинград?
– Ҳа, аз Сталинград.
– Эҳ, афсӯс, ки дар ҳамон ҷо ба ягон бемористон наафтодаам.
– Аз он ҷо ҳам ҳозир ҳамаи бемористонҳоро мекӯчонанд.
– Чаро? – пурсид бо ҳайрат Сафар.
– Мегӯянд, ки немисҳо ба тарафи Сталинград зер карда омада истодаанд.
Ин хабар Сафарро як дам ба хомӯшӣводошт. Чашмони вай ба даҳони Зоя, ҳушу хаёлаш ба фармондеҳи рота Осмухин ва оилаи дар Сталинград мондаи ӯ буданд. Баъд аз қадаре хомӯшӣ Сафар сабаби он хоҳишро, ки дар бемористони Сталинград монданӣ буд, нақл кард.
– Худи шумо ҳам лейтенант Осмухинро мешиноседку?
– Ҳа, албатта мешиносам. Худаш зинда аст?
– Ҳа, зинда буд. Баъд аз ман чӣ шуда бошад, намедонам. Агар тавонам имрӯз ба вай мактуб навишта мефаҳмам.
– Ба хонаатон ҳам нависед, боз хонагиҳо хавотир нашаванд, – гӯён Зоя бо ҳамин аз Сафар касони дар беҳушӣ ном гирифтаи ӯро фаҳмиданӣ шуд.
– Дар хона ғайр аз як модар дигар ҳеҷ кас ҳам надорам, рост аст, ки модарро бетоқат кардан хуб нест, – холисона ҷавоб дод Сафар.
– Чӣ, магар номи модаратон Зебӣ аст? – пурсид беихтиёр Зоя.
Сафар чашмони ба тиреза дӯхтаашро якбора ба Зоя гардонду хандид.
– Шумо аз куҷо фаҳмидед, ки номи модарам Зебӣ будааст?
– Аз забони худатон.
– Кай? ман ягон бор ин номро дар пеши шумо ба забон нагирифта будам.
– Намедонам, чор рӯз боз ҳамин номро чандин бор ба забон гирифта ким-чиҳо мегуфтед.
Сафар дарҳол фаҳмид, ки дар беҳушӣ хеле гапҳо зада, сирри дили худро ошкор кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё