Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамаи ин гапҳоро Дадабой, ки дар ғами Сафар дарди ҷароҳати худро фаромӯш карда, дар як паҳлӯи ӯ менишаст ва Зоя Павловна, ки аз болои сари ӯ рӯзи дароз дур намешуд, мешуниданд ва гоҳ хаёл карда, гоҳ дар ҳайрат монда менишастанд.
Вақте ки Зоя кафи дасти дурушти Сафарро ба рӯи дастони нарму гармакаки худ гирифта тапиши дили ӯро санҷиданӣ шуд, Сафар ҳам дасти Зояро маҳкам дошта, мадҳушона ба гап даромад:
– Не, не... дастамро надоред... Ман намегурезам....
Ана ман... немисро мезанам... Зебӣ... Азизам... Бовар накунед... бинед... Ҳа, Мамараҷаб... ҳам... кушт... вай...
вай... орден ҳам гирифт... Ман... Ман? – не нагирифтаам... Хайр, Зебӣ... ана ман боз рафтам... Осмухин...
Ҳа... ана Осмухин фармон дод... Ба модарам... ҳа ба Бобо ҳам гӯед... Сафар наме-ми-рад... Хайр... Не...
Не... истед... истед.. .мехоҳам... боз аз лабҳои... х-ай-р...
Сафар дар ин ҳол чашмони нимроғ кушодаашро ба Зоя дӯхта, дасти майдаи пахта барин мулоими ин духтараки ҳалимро ба сари синааш кашида, зер мекард...
Зоя ҳам аз ин ҳаракати Сафар худашро ким-чӣ хел ҳис кард, дилаш ғайритабиӣ мезад... Ду рухсораш метасфид ва ба Дадабой, ки гапҳои Сафарро мешунид, шармгинона назар андохта, табассум карда мемонд...
– Зебӣ кист? – пурсид Зоя аз Дадабой.
– Кай донам, – ҷавоб дод Дадабой бо тааҷҷуб.
– Занаш-ку не? – пурсид Зоя.
– Зан надорад, муҷаррад, – гуфт Дадабой ва ӯ аз ин ҷавоб дар қиёфаи Зоя як аломати мамнунӣ мушоҳида кард.
– Набошад, шояд ягон хушдораш бошад?
– Намедонам.
Ба ҳар пурсиш «не, намедонам» гуфта ҷавоб додани Дадабой ба Зоя маъқул нашуд. Барои ҳамин, вай ба Дадабой таънаомез гуфт:
– Шумо чӣ хел ҷӯра, ки то ҳоло дар бораи ӯ чизе намедонед?

пешина
аз 333
навбатӣ