Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Албатта, одам бо одам чандин вақт сиҳат – саломат, хушҳолу хушбахт дар як ҷо бошаду баъд баногоҳ ҷудо шуда, боз дар ин хел вазъият рӯ ба рӯ ояд, хеле таъсир мекунад, – гуфт бемори ҷингиламӯе, ки то ҳоло чашмони кабудашро аз китоб наканда хомӯш менишаст.
– Мумкин аст, ба ҳамдигар хушдор ҳам бошанд, – гуфт яке аз он панҷ бемор, ки дар ин хона хоб мекарданд.
– Рост, духтарони мо ба ин хел ҷавонмардони чашму абрӯсиёҳ худро қурбон мекунанд... – гуфт бемори дигар бо табассум.
Ба болои ин гап – гапи беморон ҳамшираи тиббӣ – Зоя бо ҳамроҳии сардухтури бемористон, ки марди миёнсоле буда, риши кӯтоҳакак дошт ва ба чашмонаш айнак гузошта буд, даромада омад. Вай Алексей Дмитриевич Романов ном дошт. Алексей Дмитриевич рост ба болои сари Сафар, ки беҳуш мехобид, омада, банди дасти чапи ӯро дошту набзашро санҷид ва аз вазъияти ӯ хавотир кашидагӣ барин, сарашро ҷунбонда монд. Баъд дасташро ба пешонаи бемор бурда, ба Зоя гуфт:
– Боз хун фиристодан лозим. Ба хонаи ҷарроҳӣ гузаронед.
Духтур рӯяшро ба дигар беморон гардонда буд, ки як ҷанговари ӯзбек пурсид:
– Умеди зинда монданаш ҳаст?
– Кори мо то нафаси охирин ноумед нашуда, муолиҷа кардан аст, – гуфт духтур ба миёнатари хона омада. – Мебинем, мизоҷи бемор чӣ хел тоб меоварда бошад. Хунаш бисёр рафтааст.
...Дар байни ду рӯз ба Сафар се бор хун фиристоданд. Вай рӯзи сеюм ҳам ба худ наомад. Аммо баъд аз сеюмин бор хун фиристодан ба аъзои бадани хунукшудаи ӯ гармӣ давид, ҳатто бегоҳӣ табаш баланд шуд.
Аз баландии таб худ ба худ гап мезад, сирҳои дар ҳушёриаш ба ҳеҷ кас нақл накарда, гапҳои дар кошонаи дилаш «хотираҳои ҷавонӣ» гӯён пинҳондоштаи худро такрор ба такрор ва муфассал ба касе мегуфт, ба модараш, ба Юнусбобо ва ба Зебӣ муроҷиат карда, чиҳое ки намегуфт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё