Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Вай ба рӯи рангпаридаи бемори беҳуш хобида маҳзунона нигоҳ карда, хомӯш мегирист. Донаҳои ашке, ки мижгон ва рухсори андак доғи кунҷитак зеркардаи духтарро шуста ҷорӣ мешуданд, ба сари синаи баландаш афтода, пеши ду кисаи болои хилъати сафедашро тар мекарданд. Вай барои он, ки оби чашми худро ба дигар захмдорон маълум накунад, ба пурсиши онҳо рӯ нагардонда, ё ин ки аввал бо рӯймолча чашмашро пок карда, сонӣ ҷавоб медод.
– Аҳволаш чӣ хел, ҳамшира? – пурсид шахсе, ки дар тан яктаки дарози бумазӣ дошту аз оринҷи дасти чапаш то китфу гарданаш докапеч буд.
– Якнавъ, – ҷавоб дод духтарак. Он шахси ба назди ҳамшираи тиббӣ омада ба симои бемор нигоҳ карду рӯяшро гардонда якбора гириста фиристод. Беморони дигаре, ки дар катҳо хоб буданд, ҳама якбора ба ин мардак бо тааҷҷуб нигоҳ карданд. Духтарак дарҳол ашкашро пок карду ба он марде, ки гиря мекард, таъкидкунон гап зад:
– Дадабой, ин чӣ гап, магар дар пеши беморон ин хел рафтор кардан хуб аст?
Духтарак дудаста аз зери оринҷи Дадабой дошта, ӯро аз палата берун баровард.
– Аз афташ мемурад, – гуфт як захмдоре, ки дар кунҷи хона хоб мекард ва рафтори ҳамшираи тиббӣ ва Дадабойро аз чашм мегузаронд.
– Вай аскарчаро гиря кард? – пурсид боз кадом захмдор бо овози паст.
– Ҳар ду аз як шаҳр будаанд, дар як рӯз захмдор шудаанд, – ҷавоб дод бемори якум.
– Ҳамшира ҳам дирӯз боз чашмаш гиряолуд – гуфт як бемор, ки ду дасташ тахтачабанд карда шуда буд.
– Зояро мегӯед?
– Ҳа.
– Зоя ҳам пеш аз ба госпитал омадан дар ақибгоҳ бо ҳаминҳо дар як қисм будааст. Баъд аз ба ҳар ҷабҳа тақсим шуда рафтани қисми онҳо аз якдигар ҷудо шуда, ана боз дар ин ҷо рӯ ба рӯ омада мондаанд, боз худаш забони инҳоро ҳам медонистааст, – гуфт захмдори якум.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё