Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Инро хуб фаҳмида мон.
Мамараҷаб ҳам хомӯш намонд. Асабонияте, ки баъд аз захмдор шуданаш дучанд шуда буд, тамоми рагу паяшро ба ларзиш оварда, ӯро мисли ин, ки ба сари немис ҳамла мекарда бошад, ба сӯи Мирбадал тела дод. Вай ҳамон замон аз соқи мӯзааш корди дудамаи немисиро гирифта, ба пеши миз гузашту:
– Ин хел бошад, хас каму – ҷаҳон пок. Мана, аз ҳамон гитлерчиён, ки ту зудтар ба ҳамин ҷоҳо омадани онҳоро умед доштӣ, ба ту савғо ҳам ҳаст, хуни шабушхӯр! – гӯён ба сӯи Мирбадал бо ҷаҳл пой монд.
Мирбадал худро ба тарафи дар қафо гирифта, ду-се ҳақорати қабеҳ доду баъд қамчинро ба рӯи Мамараҷаб, ки ба сӯи вай зер карда меомад, ҳаводода аз дар берун шуд. Қамчин аз болои шишаи чароғ рафта ба девор заду камтар хок рехт. Мамараҷаб давида аз қафои ӯ берун баромада буд, ки Мирбадал худро чапғалат дода, дар оғӯши торикӣ ғоиб шуда рафт...
Пас аз ба Мирбадал расида натавонистан, Мамараҷаб ба идора баргашт. Аз ҳаяҷону асабоният дасту пояш ларзида, лабҳояш мепариданд. Дилаш беқарор метапид. Дар ҳамон ҳол ӯ болои ҳам се-чор махорка печонда кашида буд, ки ба идора Одил Саркор, раиси колхоз акои Олим ва раиси деҳшӯро Шодмонов даромада омаданд.
– Ҳа, чӣ гап, чаро ин қадар бесаранҷом менамоӣ, рангу қутат паридааст? – пурсид Одил Саркор аз Мамараҷаб.
Мамараҷаб ҳамаи воқеаи гузаштаро аз сар то охир нақл карду гуфт:
– Бадзот гурехт, набошад ҷо ба ҷо хобонда ҷонашро ба ҷаҳаннам мефиристодаму бо ҳамин боз як немисро куштагӣ барин дар савоб мемондам, афсӯс, ки нашуд...
– Ба ҳеҷ ҷо гурехта наметавонад. Дарахти бесамару хушк аз як фарсанг роҳ ҳам маълум аст... – гуфт Шодмонов нигоҳи маънидор кард ва илова намуд, – кайҳо аз қафояш одам рафт.

БОБИ ҲАЖДАҲУМ Русдухтаре, ки зарринмӯи ситорагарм буд ва дар бараш либоси сап-сафед дошт, дар поини пои бемор, рӯи кат менишаст.

пешина
аз 333
навбатӣ