Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳар коре, ки шуд, ҷиянам, гузашту рафт, ба гузашта салавот гуфтаанд... Умри мондаатон фоида. Биёед, монед, ҳар кор кардем, ҳар дуямон кардем ва онро бояд танҳо ҳар дуямон донем. Акнун фаҳмидам, ки фоидааш ҳам набудааст.
– Ман ҳар гуноҳе ки кардам, ба гардан гирифтам ва онро бо хунам шустам, аз ин хотирҷамъ бошед. – Дар симои Мамараҷаб аз ин ҷавоб як ҳисси ифтихормандӣ акс меёфт.
– Хайр, ана, ҷони амак, мо ҳам дар пеши шумо гуноҳи худро ба гардан гирифта, аз ҷону дил хизмати шумоёнро карда, худамонро сафед мекунем, – бо мулоимхунукӣ ва сохтакорӣ гуфт Мирбадал.
– Гуноҳатонро худатон мешӯед ё дигар кас, ман намедонам, – ҷавоб дод Мамараҷаб аз даҳонаш фағонаи дуди махоркаро сар дода, – ҳаминро гуфта монам, ки Мамараҷаб дигар ба шумо ҷиян нест ва ман мисли шумо амак ҳам надорам.
Мирбадал ба курсие, ки рӯ ба рӯи миз, дар назди девор меистод, нишаста, нимғурма гуфт:
– Оббо, ҳамон Сафари пойлучи худобехабар охир шуморо ба домаш кашидааст-дия, хайр, ана, худаш ҳам дар оқибат бедому дарак шуд...
Ин ҳақорати Мирбадал дар ҳаққи Сафар дар тани Мамараҷаб хуни ориятро ба ҷӯш овард. Вай бадтар бадқаҳр шуда гуфт:
– Номи поки ӯро ба даҳони нопокатон нагиред, вай касест, ки маро аз канори чоҳи фалокат, ки ба он ҷо маро шумо кашола карда мебурдед, гардонда гирифт...
Мирбадал аз ҷавоби Мамараҷаб оташин шуда, аз ҷояш хест.
– Гап назада истам, аз афташ ин худобехабар ба теппаи сарам баромаданӣ. Чӣ муддао дорӣ, оқипадар?
– Муддао якта, – ором ҷавоб дод Мамараҷаб, – дигар афти шумо барин каси ба умри ҷавонам ҷафокардаро дар ин дунёи равшан набинам.
– Даҳанатро пӯш, ҳаромӣ! – бо овози баланд дӯғ зад Мирбадал ба хашм омада ва қамчинро, ки дар миёнбанди камзӯлаш халонда шуда буд, ба даст гирифт.
Набошад, аввал бо ҳамин қамчин саратро торс ду ним мекунаму баъд ба ҷои мефиристодаат меравам.

пешина
аз 333
навбатӣ