Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Мамараҷаб, ҷигарам, ҷонам, – Мирбадал ду дасташро ба ду тараф ёзонда барои оғӯш гирифтани ҷияни худ шитобид.
Аз ин рӯбарӯшавии ногаҳонӣ тамоии аъзои бадани Мамараҷабро ларзаи асабонӣ фаро гирифт. Чашмонаш ғайритабиӣ медурахшиданд. Вай аз ҷояш намеҷунбид. Мирбадал аз паҳлӯи миз ба Мамараҷаб наздик шуда буд, ки Мамараҷаб ба сӯи вай дасташро пеш бурда гуфт:
– Аз ҳамон ҷо истода гап занед ҳам мешавад, каси ба дӯзах теладодашударо боз ба оғӯш гирифтан чӣ ҳоҷат?
Аз ин гап дастони Мирбадал беихтиёр поин фуромаданд. Вай чашмонашро ба Мамараҷаб ҳаросон дӯхта, шояд чӣ гуфтани ӯро нафаҳмид, ки боз ба лабҳояш хандаи сохта гирифта, гап зад:
– Э, бечора ҷиянакам, аскарӣ коратро кардааст.
– Не, шумо маро расво карданӣ будед, лекин артиш аз ин маро халос кард, – гуфт Мамараҷаб торафт рангаш парида.
– Худаш чӣ гап, шакари амак? – Мирбадал ҳанӯз ба маънои томи масъала сарфаҳм нарафта, мепурсид. – Бе зиёрату пурсупос ин пешхезиҳо ба чӣ маънӣ?
– Аз он, ки шуморо зиёрат кунам мунофиқиатонро ошкор кардан савобтар аст... – Мамараҷаб ин ҷавобро гуфту аз кисааш махоркақуттиашро бароварда ба тамоку кашидан шурӯъ кард.
– Ҳай-ҳай, аз кӯдакӣ то ба ин синну сол калон карда, ҳоло аз шумо мешунидагемон ҳамин шуд?
– Ин ҳоло аз нӯги хамир фатир... – ҷавоб дод Мамараҷаб.
– Мумкин, ки ба ҳабсхона ҳам андозед?
– Агар аз шарофати шумо ман ба ҳабсхона меафтодам-чӣ?
Мирбадал аз ин саволе, ки бар зидди саволи ӯ дода шуд, як дам лол шуда монд ва ҳар он ҷинояте, ки дар ҳаққи Мамараҷабу Ҳукумати Шӯроӣ карда буд, аз фикраш гузашта, ӯро ба воҳима андохтанд. Баъд аз ин ӯ боз мулоим, хушомадгӯёна, вале бо нештарзанӣ гап мезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё